Хушхабар! Ғаниҷон Ғаниев дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон сазовори медали тилло гардид!
ДУШАНБЕ, 29.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони навраси тоҷик Ғаниҷон Ғаниев дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон сазовори медали тилло гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Чемпионати Осиё миёни наврасон оид ба дзюдо 27-28 июл дар шаҳри Тайпейи Чин баргузор шуд. Ғаниҷон Ғаниев дар вазни -73кг дар даври аввал озод буд, сипас дар даври ¼-ниҳоӣ варзишгари Австралия Даннӣ Воҷникевичро шикаст дода, ба нимфинал баромад. Ӯ дар нимфинал бар варзишгари мизбон Чин-Лианг Чу ва дар финал бар намояндаи Қазоқистон Серикбол Йестай дастболо шуд. Ғаниҷон соли гузашта дар Чемпионати Осиё миёни наврасон дар Лубнон сазовори медали биринҷӣ шуда буд.
Паҳлавони дигари навраси тоҷик Мансур Раҳмон дар вазни -90кг сазовори медали биринҷӣ гардид. Мансур низ дар даври аввал озод буд, баъдан дар чорякфинал бар намояндаи Австралия Лиам Спиллен ғалаба кард, вале дар нимфинал аз намояндаи кишвари мизбон Шенг-Кай Лин шикаст хӯрд. Ӯ сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари Қазоқистон Нурасил Болат дастболо шуд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар маҷмӯъ соҳиби се медал – як тилло ва ду биринҷӣ гардид. Ду варзишгари дигари мо Ҳайдаршо Мирзомуддинов дар вазни -73кг ва Иброҳимҷон Элмуродов дар вазни +90 дар даври аввал аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд.
Ёдовар мешавем, ки варзишгарбонуи тоҷик Аҳлия Муъминова 27 июл дар ин мусобиқа дар вазни -52кг миёни духтарон сазовори медали биринҷӣ гардида буд.
Хотиррасон менамоем, ки дар чемпионати мазкур 159 нафар варзишгар (94 писар, 65 духтар) аз 17 давлати қораҳои Осиё ва Уқёнус иштирок карданд.
29-30 июл Чемпионати Осиё миёни ҷавонон баргузор мешавад. Дар ин синн 170 нафар варзишгар (100 писар, 70 духтар) аз 21 давлат иштирок мекунанд. Аз ҷумҳурии мо 9 варзишгар – Меҳрзод Суфиев (-60кг), Шодмон Ризоев, Ҷамолиддин Абдуллоев (-66кг), Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (-73кг), Оламафрӯз Абдураҳмонов (-81кг), Эмомризо Анварзода (-90кг), Иброҳимҷон Элмуродов, Шарифҷон Назриев (-100кг) миёни писарон ва Шоҳида Қаландарова (-57кг) миёни духтарон ба Тайпей сафарбар гардидаанд.








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






