Маҳмадсаид Зувайдзода: «То охири соли 2019 дар хиёбони С. Шерозӣ ва кӯчаи Н. Қарабоеви Душанбе 25 адад истгоҳҳои замонавии нақлиётии мусофирбар сохта мешаванд»

Июль 26, 2019 17:30

ДУШАНБЕ, 26.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. То охири соли 2019  дар хиёбони С. Шерозӣ ва кӯчаи Н. Қарабоеви шаҳри Душанбе  25 адад истгоҳҳои замонавии нақлиётии мусофирбар сохта шуда,   ҳамчунин  100 адад автобуси тамғаи «AKIA» аз ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон  харидорӣ мегарданд. Дар доираи маблағҳои грантии ҷудонамудаи Ҷумҳурии Мардумии  Чин воридоти 464 адад техникаи гуногуни коммуналӣ, инчунин 2 адад нақлиёти махсуси телевизионии сайёр ба нақша гирифта шудааст. Бо мақсади боз ҳам зебову хуррамгардонии ҳудуди минтақаҳои шаҳр дар асоси фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ дар 7 гулгашт ва 57 майдончаи варзишӣ оғоз шуда, 9 адад майдончаи варзишӣ ифтитоҳ ва аз ин 1 адад тибқи санади комиссияи давлатӣ қабул гардидааст.

Дар ин бора муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.

Номбурда ҳамчунин  иброз дошт, ки дар 3 соли оянда бунёди иншоот, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ 21 адад барои 18 594 ҷойи нишаст, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ 74 адад, сартарошхона ва кошонаи ҳусн 24 адад, сохтмони биноҳои баландошёна 133 адад ва рангубори биноҳо 2 224 адад пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин то охири соли равон Маҷмааи бисёрҷабҳаи варзишӣ, ки дар  рӯ ба рӯи “Боғи ба номи Умари Хайём”-и шаҳри Душанбе воқеъ гардидааст, мавриди истифода қарор мегирад.

Дар шаҳри Душанбе давоми ду соли оянда бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 9 меҳмонхонаи замонавӣ бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз 1000 нафар дар як вақт пешбинӣ  шудааст.  Дар назар аст, ки 4 сентябри соли равон ба сохтмони ин меҳмонхонаҳо оғози расмӣ бахшида шавад. Аз 9 меҳмонхонаи бунёдшаванда 5-тои он дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 3-тояш дар ноҳияи Фирдавсӣ ва 1-тои он дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сохта мешаванд»,-афзуд М.Зувайдзода.

 

Июль 26, 2019 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд