Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 7 то 17 октябр ҷиҳати густариши амалии ҳамкории бародаршаҳрӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Чиндао, Сямэн, музофоти Хайнан ва шаҳри Чендуи Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар доираи сафар 12–14 октябри соли 2026 ҳайати шаҳри Душанбе дар музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дошта, бо таҷрибаи пешқадами маркази он — шаҳри Хайкоу дар самти рушди сайёҳии фарҳангӣ, истироҳатӣ, тиббӣ ва беҳтар намудани хизматрасонӣ шинос гардиданд.
Ин сафар бо мақсади густариш бахшидани робитаҳои бародаршаҳрӣ бо тамаркуз ба рушди соҳаи сайёҳӣ, бахусус табодули таҷриба, муаррифии зарфиятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе, ба роҳ мондани робитаҳои мустақим байни субъектҳои соҳаи сайёҳӣ ва фароҳам овардани заминаҳои нав барои татбиқи ташаббусҳои муштарак равона гардидааст.
Дар доираи сафар 13 октябр вохӯрии ҳайати пойтахт бо роҳбарияти ширкати «Dehang» баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозори Чин, ҷалби бештари сайёҳони чинӣ ба Тоҷикистон ва афзоиши сафарҳои мутақобилаи сайёҳон, бахусус ба музофоти Хайнанро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ширкати «Dehang» дар самтҳои тиҷорати байналмилалӣ, воридоту содироти молу маҳсулот, рушди тиҷорати фаромарзӣ ва хизматрасониҳои марбут ба сайёҳӣ ва савдо, бахусус таъсис ва рушди павилионҳои миллии молу хизматрасонӣ дар самтҳои гунонун фаъолият намуда, барои густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ имконият фароҳам меорад. Яке аз лоиҳаҳои он маркази таҷрибавии савдои байналмилалии FLY3 дар шаҳри Саняи музофоти Хайнан мебошад, ки барои муаррифӣ ва фурӯши маҳсулоти кишварҳои гуногун пешбинӣ шудааст.
Инчунин ҳайат бо Минтақаи озоди тиҷоратии Хайнан, имкониятҳо ва таҷрибаи минтақа дар самти рушди тиҷорати байналмилалӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои муосир шинос гардиданд. Минтақа бо истифода аз низоми махсуси иқтисодию тиҷоратӣ барои густариши ҳамкории байналмилалӣ, рушди хизматрасонӣ ва сайёҳӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
13 октябр вохӯрии ҳайати шаҳри Душанбе бо сардори Департаменти сайёҳӣ, фарҳанг, радио ва телевизиони музофоти Хайнан баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, табодули таҷрибаи пешқадам, муаррифии имкониятҳои сайёҳии ҳарду шаҳр ва ба роҳ мондани робитаҳои мустақим байни сохторҳои соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
14 октябр дар идомаи сафар шиносоии ҳайати шаҳри Душанбе аз Минтақаи байналмилалии озмоишии сайёҳии тиббии Боао Лэчэн амалӣ гардид. Минтақаи мазкур соли 2013 таъсис ёфта, яке аз марказҳои махсуси рушди сайёҳии табоботӣ ва хизматрасониҳои муосири тандурустӣ дар Чин ба ҳисоб меравад. Фаъолияти он ба пешниҳоди хизматрасониҳои махсуси тиббӣ, ташхис ва табобат, барқарорсозӣ, истифодаи технологияҳои инноватсионии тиббӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи тандурустӣ равона гардидааст.
Омӯзиши таҷрибаи Боао Лэчэн барои муайян намудани имкониятҳои рушди сайёҳии тибобатӣ дар шаҳри Душанбе, густариши ҳамкорӣ бо муассисаҳои тиббии хориҷӣ ва таҳияи маҳсулоти нави сайёҳӣ, аз ҷумла дар самти ташхис, табобат ва барқарорсозии саломатӣ аҳаммияти муҳим дорад.
АКС: Раёсати рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






