МАРҲАМАТ БА ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ! Он бо мақсади муаррифии пойтахт чун симои сайёҳии мамлакат роҳандозӣ мегардад

Июль 29, 2019 17:30

ДУШАНБЕ, 29.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. 17 ва 18 август дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе Фестивали тобистонаи Душанбе баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  фестивали мазкур  бо мақсади муаррифӣ намудани шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии мамлакат  ва фароҳам овардани имконият ҷиҳати таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт роҳандозӣ мегардад.

Дар Фестивал барои сайругашти оилавии шаҳрвандон тамоми шароит фароҳам оварда мешавад. Дар ин рӯзҳо тамоми тарабхонаҳои пойтахт таҳти унвони «Ғизои болаззат»  хӯрок ва дигар маҳсулоти  миллиро  ба намоиш ва  фурӯш мегузоранд.

Барои бачаҳо таҳти унвони «Шаҳри афсонаҳо» ҳар гуна барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла,  бо иштироки ҳунармандони театрҳои  пойтахт  намоишҳои мазҳакавӣ ва ҳазлу шухӣ пешниҳод  гардида, баргузории барномаи фарҳангию фароғатӣ  бо иштироки санъаткорони машҳури мамлакат дар назар дошта шудааст.

Июль 29, 2019 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» оғоз гардид
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд
Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд
Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд