Нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар карданд

Июль 22, 2019 12:20

ДУШАНБЕ, 22.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз нахустин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади адои маносики ҳаҷ озими Шоҳигарии Арабистони Саудӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, зоиринро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбарияти Кумита ва намояндагони сохторҳои дахлдор гусел намуданд.

Раиси  Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ҳар як зоирро ба манзалати сафир ва муаррифи мамлакат шуморида, аз онҳо даъват намуд, то бо одобу рафтор ва тамкини хос аз худ ва мамлакати худ хабар диҳанд.

«С. Давлатзода дар идома иброз дошт, ки бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ҳамасола барои таъмини шароити хубу арзанда барои зоирони тоҷик тадбирҳои судманд андешида мешаванд ва чунин шароити арзанда имсол низ барои ҳаҷравандагон муҳайё гардидааст», — афзуд манбаъ.

Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодӣ бо ёдоварӣ аз сатҳи хуби муносибатҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ таъкид намуд, ки кишвари мизбон барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани мавсими имсолаи ҳаҷ омодагии ҷиддӣ дида, хизмат ба зоиронро шараф медонад.

Ёдовар мешавем, ки сафари зоирони тоҷик ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар назар аст то даҳ рӯзи дигар аз тариқи ширкатҳои ватании «Тоҷик-Эйр» ва «Сомон-Эйр» идома ёбад.

Июль 22, 2019 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид