Нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар карданд
ДУШАНБЕ, 22.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз нахустин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади адои маносики ҳаҷ озими Шоҳигарии Арабистони Саудӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, зоиринро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбарияти Кумита ва намояндагони сохторҳои дахлдор гусел намуданд.
Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ҳар як зоирро ба манзалати сафир ва муаррифи мамлакат шуморида, аз онҳо даъват намуд, то бо одобу рафтор ва тамкини хос аз худ ва мамлакати худ хабар диҳанд.
«С. Давлатзода дар идома иброз дошт, ки бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ҳамасола барои таъмини шароити хубу арзанда барои зоирони тоҷик тадбирҳои судманд андешида мешаванд ва чунин шароити арзанда имсол низ барои ҳаҷравандагон муҳайё гардидааст», — афзуд манбаъ.
Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодӣ бо ёдоварӣ аз сатҳи хуби муносибатҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ таъкид намуд, ки кишвари мизбон барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани мавсими имсолаи ҳаҷ омодагии ҷиддӣ дида, хизмат ба зоиронро шараф медонад.
Ёдовар мешавем, ки сафари зоирони тоҷик ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар назар аст то даҳ рӯзи дигар аз тариқи ширкатҳои ватании «Тоҷик-Эйр» ва «Сомон-Эйр» идома ёбад.








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






