Сафирони навтаъйини Ҳиндустон, Австралия ва Эфиопия ба Тоҷикистон омаданд
ДУШАНБЕ, 30.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 30 июл дар Душанбе Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ нусхаи эътимодномаи Сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон Вираҷ Син, Австралия Грейм Михан ва Эфиопия Гирма Темесген Баркессаро қабул намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синх ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон табодули назар карда шуд.
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири нави Ҳиндустон дар фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу кард.
Дар мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Австралия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Грейм Михан ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австралия ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назар карданд.
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Сафири нави Австралияро ба муносибати ба вазифаи нави дипломатӣ таъйин гардиданаш табрик ва ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.
Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гирма Темесген Баркесса дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эфиопия дар соҳаҳои гуногун баррасӣ намуданд.










Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






