ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво 39-44 дараҷа гарм мешавад

Июль 31, 2019 08:04

ДУШАНБЕ, 31.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар вилояти Хатлон ба 39-44 дараҷа мерасад.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабри  бебориш мешавад.    Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 30+35 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 5+10 ва  рӯзона 18+23 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва   рӯзона    25+30  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо  суръати 3-8 ва  дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 39+44  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 19+24 ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри   бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23  ва рӯзона 37+42  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 31+36  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш  шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 18+20 ва  рӯзона 30+42  дараҷа гарм мешавад.

 

Июль 31, 2019 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе