ОБУ ҲАВО: имрӯз гармии ҳаво дар Тоҷикистон 39+41 дараҷа мешавад

Июль 13, 2019 08:16

ДУШАНБЕ, 13.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабри бебориш шуда, гармии ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон ба 39+41 дараҷа мерасад.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 15+17, рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18, рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 3-8, рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 22+24, рӯзона 39+41 дараҷа гарм мешавад. Дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 21+26, рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 18+23, рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17, рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 18+20, рўзона 39+41 дараҷа гарм мешавад.

Июль 13, 2019 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар