Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: 1-2 июл дар зери шуоъҳои офтоб камтар истед!
ДУШАНБЕ, 01.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Нисфирӯзии 1-2 июли соли равон дар ҷумҳурӣ ҳарорати рўзонаи ҳаво баланд шуда, дар вилояти Хатлон гармӣ то +45 дараҷа мерасад. Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин рӯзҳо дар водиҳои вилояти Суғд ва навоҳии тобеи марказ ҳарорат ба 40+42 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд то +29, ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ то 33+35 ва дар ноҳияҳои шарқии ВМКБ то +22 дараҷа мерасад.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳавои гарм ва хушк ба Тоҷикистон аз ҳудуди нимҷазираи Араб, Ҷумҳурии Эрон, Туркманистон, Ўзбекистон ва шимоли Афғонистон ворид мешавад.
Вобаста ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинону меҳмонони мамлакат хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд ва зери шуоъҳои офтоб камтар истанд.
Бино ба зикри манбаъ, гармои шадид сабабгори бошиддат об шудани пиряхҳо ва барфҳо дар баландкӯҳҳо мегардад. Инчунин эҳтимолияти боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо, лағзиши тарма ва резиши санг дар назар аст.
-Иловатан аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки 1-2 июл ҳангоми аз хона баромадан ҳамроҳи худ об, кулоҳ ва чатр гиранд. Ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва назди рӯду дарёҳо эҳтиёткор бошанд. Бахусус ҷавонон ҳангоми истироҳат ва оббозӣ бодиққат буда, қоидаҳои шиновариро риоя намоянд,- омадааст дар огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






