Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: 1-2 июл дар зери шуоъҳои офтоб камтар истед!

Июль 1, 2019 11:25

ДУШАНБЕ, 01.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Нисфирӯзии 1-2 июли соли равон  дар ҷумҳурӣ ҳарорати рўзонаи ҳаво баланд шуда, дар  вилояти Хатлон гармӣ то +45 дараҷа мерасад. Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин рӯзҳо дар  водиҳои вилояти Суғд ва навоҳии тобеи марказ ҳарорат ба  40+42 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд то +29, ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ то 33+35 ва дар ноҳияҳои шарқии ВМКБ то +22 дараҷа мерасад.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳавои гарм ва хушк ба Тоҷикистон аз ҳудуди нимҷазираи Араб, Ҷумҳурии Эрон, Туркманистон, Ўзбекистон ва шимоли Афғонистон ворид мешавад.

Вобаста ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз сокинону  меҳмонони мамлакат хоҳиш  менамояд, ки дар ин рӯзҳо  эҳтиёткор бошанд ва зери шуоъҳои офтоб камтар истанд.

Бино ба зикри манбаъ, гармои шадид сабабгори бошиддат об шудани пиряхҳо ва барфҳо дар баландкӯҳҳо мегардад. Инчунин эҳтимолияти боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо, лағзиши тарма ва резиши санг дар назар аст.

-Иловатан аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки 1-2 июл ҳангоми аз хона баромадан ҳамроҳи худ об, кулоҳ ва чатр гиранд. Ҳангоми  истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва назди рӯду дарёҳо эҳтиёткор бошанд. Бахусус ҷавонон ҳангоми истироҳат ва оббозӣ бодиққат буда, қоидаҳои шиновариро риоя намоянд,- омадааст дар огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Июль 1, 2019 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЙГОНӢ — ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Ба Рӯзи байналмилалии бойгонӣ бахшида мешавад
Дар Душанбе татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо ширкати Чин баррасӣ шуд
Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — тадбири намунавӣ дар байни мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ
Тоҷикистонро моҳи аввали фасли тобистон чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон бо озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ таъмин гардиданд
Таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди ғизои мактабӣ бо намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ баррасӣ гардид
150 нафар соҳиби шаҳодатномаи маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гардиданд
ОГОҲӢ! Аз 6 то 8 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид
Дар Кӯлоб аксари иншооти аз офати табиӣ осебдида барқарор гардида, оилаҳои зарардида соҳиби хонаҳои нав мешаванд
Дар Душанбе Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология оғоз гардид
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. 24 истироҳатгоҳи мавсимии беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд