Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати Осиё сазовори медалҳои тиллову биринҷӣ шуданд

Июль 6, 2019 09:40

ДУШАНБЕ, 06.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Шероз Очилов дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасон, ки дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нурсултон ҷараён дорад, сазовори медали биринҷӣ гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ  ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали чемпионат паҳлавони дигари тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 55 кило ба унвони чемпиони Осиё даст ёфта, соҳиби медали тилло гардид.

Тибқи иттилои манбаъ, Шероз дар вазни 71 кило аз намуди   гӯштини юнонӣ-римӣ дар даври аввал озод буд ва баъдан бар паҳлавонони Кореяи Ҷанубӣ ғалаба кард. Ӯ  вале дар нимфинал аз намояндаи Қирғизистон, ки ғолиби ин вазн гардид, мағлуб шуд.

Шероз сипас дар рақобат барои ҷои сеюм варзишгари япониро бо ҳисоби 10:0 шикаст дод. Медали нуқра насиби варзишгари Эрон, як медали дигари биринҷӣ насиби варзишгари Ӯзбекистон шуд.

Бо ҳамин қувваозмоиҳои гӯштини юнонӣ-римӣ ба анҷом расиданд.

Хотиррасон менамоем, ки 6-7 июли соли равон  қувваозмоиҳои гӯштини тарзи озод доир мегарданд, ки варзишгарони мо дар шаш вазн қувва месанҷанд.

Бояд зикр кард, ки дар чемпионати мазкур 308 варзишгар аз 19 давлати қитъаи Осиё ширкат доранд. Гӯштингирони навраси қора дар намудҳои гӯштини озод (10 вазн), юнонӣ-римӣ (10 вазн) ва гӯштини занона (10 вазн) барои ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.

Июль 6, 2019 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад