Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

Июль 19, 2019 11:31

ДУШАНБЕ, 19.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартибот таъин гардиданд, иброз доштанд, ки вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳар як хизматчии оддӣ ва роҳбари воҳиду сохторҳои давлативу низомӣ муносибати ҷиддӣ дар доираи оиннома ва дигар санаду меъёрҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳа талаб карда мешавад.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони Фармондеҳ, командирони бригада ва қисмҳои алоҳидаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хатмкардагони муассисаҳои олии ҳарбии ватанӣ ва хориҷӣ таъин гардиданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори Агентии таъмини амволи махсус, муовини аввал ва муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардорони муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва дар сохтори марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти ҷиддии кадрӣ сурат гирифтанд.

Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳолати воқеӣ ва камбудиву норасоӣ дар фаъолияти роҳбарон ва хизматчиёни воҳиду сохтори низомиро таҳлилу баррасӣ намуда, дар назди ҳар як роҳбар ва масъули соҳа ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти шаффоф ва дар чорчӯбаи қонун ба роҳ мондани фаъолияти кории хизматчиёни низомӣ ва давлатӣ аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии ҳар як мутахассис вобастагӣ дорад.

Зимни сӯҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз шароити ҳубу мусоиди таълиму тарбия, обутоби бадан дар қисмҳои низомӣ ва дигар ҷузъу томҳои ҳарбӣ таъкид карда, барои пурра решакан кардани омилҳои номатлуб, аз қабили ришваситонӣ, зӯроварӣ, тасарруфи молу ашёи давлатӣ ва мубориза бар зидди омилҳои қонунвайронкуниҳо ба масъулини соҳа супоришҳои қатъӣ ва муҳлатнок дода шуд.

Таъиноти кадрӣ 19.07.2019

Июль 19, 2019 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Супоришҳои қатъии Пешвои миллат доир ба афзун намудани истеҳсоли семент
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдонро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободиро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”
Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ сарфароз гардонида шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуданд