Сафири Тоҷикистон бо Раиси Шӯрои мудирони Маҷмӯаи ширкатҳои агросаноатии «Ал-Сулайтин»-и Давлати Қатар мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 17.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 16 июли 2019 дар Давҳа мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Қатар Хисрав Соҳибзода бо Раиси Шӯрои мудирони Маҷмӯаи ширкатҳои агросаноатии «Ал-Сулайтин»-и Қатар Абдуллоҳ ал-Сулайтин баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои сафари гурӯҳи кории Маҷмӯаи ширкатҳои агросаноатии «Ал-Сулайтин» ба Тоҷикистонро, ки 8-12 июли соли равон сурат гирифта буд, мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷониби қатарӣ бо дарназардошти имкониятҳои фарохи соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон барои роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд дар самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ, асал, гӯшт ва оби нӯшокӣ аз Тоҷикистон ба Қатар изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Зикр гардид, ки Маҷмӯаи агросаноатии «Ал-Сулайтин» ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои мазкур алоқаманд мебошад.
Инчунин зимни мулоқот оид ба роҳҳо ва механизмҳои роҳандозии ҳамкорӣ ва татбиқи тавофуқоти дар Душанбе ҳосилшуда табодули назар сурат гирифт.








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд






