Шодихон Ҷамшед ва Хуанг Деҳаи зимни мулоқот оид ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ суҳбат намуданд
ДУШАНБЕ, 29.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 29 июл муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед бо ноиби президенти Институти стратегияи «Як камарбанд, як роҳ»-и Донишгоҳи Чинхуаи Чин Хуанг Деҳаи мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, вохӯрии мазкур дар доираи лоиҳаи «Тадқиқоти ҳамкории байналмилалӣ барои коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» ва тибқи супориши Маркази байналмилалӣ оид ба коҳиши сатҳи камбизоатии кишвари Чин баргузор гардид.
Шодихон Ҷамшед аз ҳамкории ду давлати дӯсту бародар-Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ёдовар шуда, аз ҷумла иброз намуд, ки талош ва кӯшишҳои роҳбарони ду кишвар- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин хеле назаррас мебошад.
Ш.Ҷамшед зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои вобаста ба камбизоатӣ диққати махсус зоҳир намуда, дар ин самт якчанд санадҳоро қабул намудааст. Ӯ иброз намуд, ки хушбахтона, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон маҳз дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ паст карда шуда истодааст.
Ноиби президенти Институти стратегияи «Як камарбанд, як роҳ»-и Донишгоҳи Чинхуаи Чин Хуанг Деҳаи иброз намуд, ки ҳадаф ва мақсади ташрифи онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон- огоҳӣ ёфтан аз вазъи камбизоатӣ дар мамлакат мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Чин Маркази байналмилалӣ оид ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ фаъолият менамояд, ки мақсади он паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки зимни ин вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба паҳлуҳои гуногуни масъалаи мазкур мубодилаи афкор намуда, барои ҳамкорӣ ҳавасмандии хешро иброз намуданд.








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






