ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 июл, якшанбе, 202-юмин рӯзи соли 2019 аст

Июль 21, 2019 08:04

21 июли соли 2010 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 қонун, аз ҷумла, 5 қонуни мукаммал ва 25 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расидаанд.

***

21 июли соли 2010 таҳти раёсати Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов доир  ба татбиқ гардидани нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ машварат баргузор гардида буд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Тоҷикистон дар бизнес-форуми Ҳадафҳои рушди устувор иштирок намуд.

21 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Белгия- Рӯзи миллӣ.

***

Дар Гуам- Рӯзи озодӣ.

РӮЙДОДҲО:

21 июли соли 2011 Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро, ки Маҷлиси намояндагон қабул карда буд, ҷонибдорӣ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Вазири федералии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Осиф Муҳаммад масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон, пеш аз ҳама, дар соҳаи энергетикаро баррасӣ намуданд.

***

21 июли соли 1822 аввалин империяи Мексика таъсис ёфтааст.

***

149 сол муқаддам, 21 июли соли 1870 дар Лондон аввалин Агентии ақди никоҳ ба кор оғоз намудааст.

***

21 июли соли 1983 дар истгоҳи «Восток»- Антарктида   ҳарорати пасттарини ҳаво ба қайд гирифта шудааст, ки он −89,2 °C-ро  ташкил додааст.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1959 дар ИМА аввалин киштии  коммуналии атомии «Саванна» ба об сар дода шудааст.

***

Соли 1969 аввалин бор одам ба сайёраи Моҳтоб баромадааст. Ӯ Нил Армстронг, командири киштии кайҳонии Америка — «Аполлон-11» буд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Июль 21, 2019 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш