Занг ба «Телефони боварӣ»-и Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз Америка ҳаёти шаҳрванди моро наҷот дод
ДУШАНБЕ, 15.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Занг ба рақами «Телефони боварӣ»-и Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазаон Раҳимзода 221-21-21 аз Штатҳои Муттаҳидаи Америка ҳаёти шаҳрвандии Тоҷикистонро, ки ба ҳолати фавқулода дучор гашта буд, наҷот дод, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти ВКД ҶТ.
Гуфта мешавад, ки 13-уми июли соли 2019, соати 14:33, аз Штатҳои Муттаҳидаи Америка шаҳрванди ҳамин давлат Алехандро тариқи телефони +19365823190 аз Ташкилоти вобаста ба гузаронидани корҳои наҷотдиҳии Америка ба телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода (221-21-21) занг зада, хабар расонд, ки 2 нафар сайёҳони хориҷӣ аз ҳудуди Тоҷикистон ба воситаи алоқаи спутникии GPRS пайваст шуда, иттилоъ доданд, ки ба минтақае, ки ба арз 37.574028 ва тӯл 71.771222 рост меояд, шаҳрванди тоҷикистонӣ ба ҳодисаи фавқулодда дучор шуда, ба кӯмак ниёз дорад.
Баъди гирифтани ин хабар фавран ба навбатдорони шабонарӯзии Раёсати қушунҳои дохилӣ ва Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақт хабар дода шуд, то ки ба корафтода кӯмак расонида шавад.
Дар муддати кӯтоҳ аз ҷониби муовини Фармондеҳи Раёсати қушунҳои дохилии ВКД полковник Рустам Раҳмонзода мавқеи мавҷи алоқаи спутникии GPRS ШМА аз ноҳияи Ванҷ маълум карда шуда, ба ҷойи ҳодиса кормандони фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.
Маълум карда шуд, ки дар ноҳияи Ванҷ миёни деҳаҳои Ширговад ва Дуршед, наздикии дарёи Ванҷоб ронандаи автомашинаи тамғаи «Шамси» Файзулло Юнусов, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа кардааст.
Ҳолати мазкурро 2 нафар сайёҳи хориҷӣ, шаҳрвандони Голандия Курч Крайкер ва Камир Бурчуш мушоҳида намуда, ба ронандаи автомашинаи мазкур кӯмаки аввалиндараҷа расонида, ба воситаи мавҷи спутникии GPRS ба Штатҳои Муттаҳидаи Америка барои кӯмак хабар додаанд.
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони милитсия ба ронанда Ф.А. Юнусов кӯмак расонида, ӯро ба беморхонаи ноҳияи Ванҷ бурданд. Ӯ айни замон дар беморхона бистарӣ мебошад.
«Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корманди Ташкилоти вобаста ба гузаронидани корҳои наҷотдиҳии Америка ҷаноби Алихандро ва шаҳрвандони Голандия Курч Крайкер ва Камир Бурчуш барои ҳамкорӣ ва расонидани кӯмаки аввалиндараҷа ба ронандаи автомашинаи мазкур изҳори миннатдорӣ менамояд», — иброз доштанд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти ВКД ҶТ.








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






