«БОҒИ БЕҲТАРИН». Дар Душанбе таҳти ин ном озмун баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 26.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Боғи беҳтарин» гузаронида мешавад, ки то 5 сентябр ҷамъбаст мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмуни мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 5 марти соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» ва Масҷиди сохташаванда дар кӯчаи Карамови ноҳияи Сино баён гардиданд, роҳандозӣ мегардад.
Бо қарори Раиси шаҳр ҳайати Комиссия оид ба гузаронидани озмуни «Боғи беҳтарин», Низомнома ва меъёрҳои муайян намудани ғолиби он тасдиқ гардидааст.
Хотиррасон мешавем, ки айни замон дар ҳудуди шаҳри Душанбе 17 адад боғҳои фарҳангию фароғатӣ, Боғи ҳайвонот ва маркази хизматрасонии «Обшорон» дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, барои баргузории барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, маданӣ- маърифатӣ ва истироҳати меҳмонону сокинони пойтахт хизмат мерасонанд. Соли равон дар 48 мавзеи алоҳидаи шаҳр боғу гулгаштҳо бунёду навсозӣ гардиданд, ки онҳо ба макони писандидаи сокинону меҳмонони пойтахт табдил ёфтаанд.
Аз ҷумла, «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ» баъди навсозӣ ба мавзеи дӯстдоштаи сокинону меҳмонони пойтахт ва макони баргузории чорабиниҳои муҳим табдил ёфтааст.
Дар боғи мазкур муҷассамаи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ, ки дар даромадгоҳи боғ гузошта шудааст, аз ҷониби Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайкалтарош Ғафурҷон Ҷӯраев дар масоҳати 86 метри мураббаъ бо маҳорати баланди касбӣ сохта шудааст.
Мақбараи устод Айнӣ бо истифода аз сангҳои гуногун бунёд шуда, бо нақшу нигори миллӣ ҳаккокӣ гардида, масоҳати умумии он 160 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва роҳравҳои атрофи он бо сафолакҳои ранга оро дода шудаанд.
Дар боғ ҳамчунин барои фароғату дилхушии кӯдакон дар масоҳати 2500 метри мураббаъ майдонча бунёд гардида, дар он воситаҳои бозикунию вақтхушии муосир насб карда шудаанд.
Боғ аз лиҳози бехатарӣ ҳам ба талабот ҷавобгӯ буда, дар гӯшаву канори он камераҳои назоратӣ насб карда шудаанд.
Дар ҳудуди боғ зиёда аз 3480 бех дарахтони гуногуни сояафкан ва буттаҳои ороишӣ, аз қабили санавбар, сарви хиромон, сарви аризонӣ, чинор, дуб, фарк, қарағоч, арча, арчаи виржинӣ, шоҳбулут, шоҳидарахт, чормағзи юнонӣ, буттаҳои ороишии корнус, дроки испанӣ шинонида шуда, масоҳати майсазорони он 11, 8 ҳазор м2 ва майдони гулзори он 6 ҳазор м2 –ро ташкил медиҳад.
«Дар Боғи мазкур ба хотири фароғати бештари сокинону меҳмонони пойтахт дар масоҳати 2 ҳазору 540 метри мураббаъ Амфитеатр сохта шудааст, ки дорои 1600 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла, утоқҳои кории ҳунармандон ва қаҳвахона мебошад. Бунёди Амфитеатр дар боғ имкон медиҳад, ки минбаъд дар ин макон пайваста барномаҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардида, ба фароғати хуби сокинону меҳмонони пойтахт мусоидат намояд.
Ҳамчунин бахшида ба Соли ҷавонон Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон» таъсис дода шуд. Боғи мазкур 19 марти соли 2017 дар пойтахт дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бояд гуфт, ки 27 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Боғи мазкур бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи шоири ӯзбек Низомиддин Алишер Навоӣ ва баҳри пойдор намудани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бунёд гардида, дар майдони 2,23 гектар доман густурдааст.
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 4 сентябри соли 2018 Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баъди навсозӣ ба «Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иваз карда шуд.
Дар арафаи таҷлили ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии Восеъ» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бояд ёдовар шуд, ки «Боғи кӯдакон», ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ чун туҳфаи арзанда барои кӯдакони хуштолеи мамлакат сохта шудааст, дорои 2,5 гектар масоҳат мебошад.
Мавриди зикр аст, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт Боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» бунёд мегардад, ки 30 гектарро ташкил дода, он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад.
Баландии умумии муҷассама 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоии он 91 метро ташкил дода, рамзи 30 –солагии Истиқлолият мебошад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»