Бозиҳои аввали даври ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ба анҷом расиданд
ДУШАНБЕ, 23.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои аввали даври ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 доир гардиданд. Дар ин давр дастаҳои пешсафи Лигаи олӣ- «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд тавонистанд дар сафар пирӯз шаванд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дастаи «Эсхата»-и Хуҷандро бо натиҷаи 1:2 мағлуб кард. Дастаи футболи «Хуҷанд» бар дастаи «Хатлон»–и Бохтар бо ҳисоби 0:2 ғолиб омад.
Дар бозиҳои дигари ин давр дастаҳои КМВА «Помир» бо «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби мусовии 1:1 ва дастаи «Ҳулбук» бар дастаи «Дӯстӣ» бо ҳисоби 2:1 дастболо шуданд.
Ҷоми Тоҷикистон-2019
Даври 1/4 ниҳоӣ. Бозиҳои аввал
«Хатлон» – «Хуҷанд» – 0:2
«Эсхата» – «Истиқлол» – 1:2
КМВА «Помир» – «Регар-ТадАЗ» – 1:1
«Ҳулбук» – «Дӯстӣ» – 2:1
Ёдовар мешавем, ки 27 август байни ин дастаҳо бозиҳои ҷавобии даври ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баргузор мешаванд.








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






