Бозиҳои даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон-2019 миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расиданд
ДУШАНБЕ, 15.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон-2019 миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Аз чор бозӣ дар сетоаш меҳмонон ғалаба карданд. Идомаи мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН шарҳ медиҳад.
Дар ин вохӯриҳои ҷолиб дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе бар дастаи «Истаравшан»-и Истаравшан, КМВА «Помир»-и Душанбе бар дастаи «Хатлон»-и Бохтар, «Хуҷанд»-и Хуҷанд бар дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз гардиданд. Бозӣ миёни дастаҳои футболи «Панҷшер» бо «Кӯктош» бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.
Пас аз натиҷагирии даври ёздаҳум дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе зинаи охири ҷадвалро тарк карда, ҷояшро ба дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ супорид.
Даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон-2019 миёни дастаҳои лигаи олӣ:
«Истаравшан» – «Истиқлол» – 0:1
Гол: Алишер Ҷалилов, 45+3.
«Хатлон» – КМВА «Памир» – 0:1
Гол: Шервонӣ Мабатшоев, 56.
«Панҷшер» – «Кӯктош» – 1:1
Голҳо: Муҳиддин Одилов, 16 (0:1). Абдулатиф Тоҷиахмедов, 33 – аз пеналти (1:1).
«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд» – 0:1
Гол: Ҷаҳонгир Эргашев, 56 –аз пеналти.
| Б | Ғ | М | Б | Т/Т | Х | ||
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 11 | 10 | 1 | 0 | 33-7 | 31 |
| 2 | «Хуҷанд»(Хуҷанд) | 11 | 6 | 2 | 3 | 21-10 | 20 |
| 3 | «Кӯктош» (Рӯдакӣ) | 11 | 5 | 3 | 3 | 15-12 | 18 |
| 4 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 11 | 3 | 4 | 4 | 14-16 | 13 |
| 5 | «Хатлон» (Бохтар) | 11 | 3 | 3 | 5 | 11-14 | 12 |
| 6 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 11 | 3 | 2 | 6 | 9-16 | 11 |
| 7 | КМВА «Помир» (Душанбе) | 11 | 2 | 3 | 6 | 8-17 | 9 |
| 8 | «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) | 11 | 2 | 2 | 7 | 8-27 | 8 |
Ёдовар мешавем, ки дар даври 12-уми Чемпионати Тоҷикистон-2019 миёни дастаҳои лигаи олӣ ин дастаҳ бо ҳам вомехӯранд:
17 август (шанбе)
«Истиқлол» бо «Кӯктош»
«Регар-ТадАЗ» бо «Панҷшер»
18 август (якшанбе)
КМВА «Помир» бо «Хуҷанд»
«Истаравшан» бо «Хатлон»








Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд






