Дар Чин Рӯзи миллии Тоҷикистон таҷлил гардид

Август 23, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 23.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. 20 август дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории ЭКСПО-2019 Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳи мазкур меҳмонон аз Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдори Чин, намояндагони доираҳои гуногуни ҷомеаи чинӣ, ширкатҳо ва воситаҳои ахбори оммаи Чин, ғурфаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Намоишгоҳ, сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ ва Котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.

 

Зимни суханронии худ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ хабар дод, ки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории ЭКСПО-2019 таҳти шиори «Боғдорӣ дар рушди деҳот» ширкат дошта, беш аз 30 навъи маҳсулоти боғу токпарвариро дар шакли хушк ва тару тоза ба меҳмонон ва шаҳрвандони Чин пешниҳод намудааст. Ҳамарӯза Намоишгоҳро ба ҳисоби миёна 23 000 нафар тамошо намуда, бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос гардида, дар бораи имкониятҳои саноатию кишоварзӣ, энергетикӣ ва сайёҳии Тоҷикистон маълумот пайдо менамоянд.

Дар навбати худ роҳбарияти Намоишгоҳи байналмилалии боғдории ЭКСПО-2019 Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз кишварҳои муҳими минтақа, хусусан дар масири «Камарбанд ва Роҳ» арзёбӣ намуда, ба иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳ баҳои баланд дод.

Роҳбарони ҳайатҳои Тоҷикистон ва Чин н ҳозиринро ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-умин солгарди таъсиси Ҷумҳурии Мардумии Чин табрик карданд.

Ҳамчунин ба меҳмонон барномаи рангину ҷолиби консертӣ пешкаш гардид.

Баргузории Рӯзи миллии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи васоити ахбори оммаи Чин қарор гирифта, ба таври густурда бозтоб гардид.

Ёдовар мешавем, ки 28 апрели соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Чин ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Камарбанд ва Роҳ» ҳамроҳ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва роҳбарони давлатҳои дигари хориҷӣ дар маросими ботантанаи ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии боғдории ЭКСПО-2019 иштирок намуда, аз ғурфаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳ дидан карда буданд.

Август 23, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд