ДАР ДУШАНБЕ АВВАЛИН АВТОБУСИ ДУОШЁНА БА ҲАРАКАТ ДАРОМАД. Пойтахти Тоҷикистон ба рӯйхати мамлакатҳое шомил мешавад, ки дар он автобусҳои экскурсионии дуошёна фаъолият мекунанд

Август 7, 2019 17:20

ДУШАНБЕ, 07.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Душанбе ояндаи наздик ба рӯйхати пойтахтҳое дохил мешавад, ки дар кӯчаҳои онҳо автобусҳои экскурсионии дуошёна ҳаракат мекунанд.

Нахустин маротиба дар таърихи Тоҷикистон дар кӯчаҳои пойтахт автобуси дуошёна ба ҳаракат даромад. Автобуси мазкур дар Корхонаи муштараки тоҷикӣ-туркии «AKIA AVESTO» истеҳсол мешавад, ки он 14 феврали соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ гардида буд.

«Тавре дар барномаи рушди сайёҳӣ дар назар дошта шудааст, автобусҳои дуошёнаи «AKIA» дар хатсайри махсусе ҳаракат хоҳанд кард, ки дар он мавзеъҳои ҷолиби таърихиву фарҳангии Душанбе ҷойгиранд»,-зикр намуд Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар».

Мавсуф дар идомаи суҳбат илова намуд, ки «мақсади мо баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба сайёҳонест, ки  ба Душанбе ташриф меоранд ва   наздик намудани сатҳи ин хизматрасонӣ  ба сатҳи Лондон, Париж, Мадрид, Токио ва дигар шаҳрҳои бузург аст».

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, корхона дар асоси шартномаи ҳамкории баимзорасида миёни КВД «Насби нақлиёти барқии дучарха» ва Ширкати туркии «AKIA» фаъолият ва автобусҳои замонавӣ истеҳсол менамояд.

Шумораи коргарони корхонаи бандубасти автобусҳо дар айни замон 40 нафарро ташкил менамояд, ки ҳамаи онҳо мутахассисони маҳаллӣ буда, корҳои таҷрибавиро дар Туркия аз бар намудаанд.

Дар оянда масъулони корхонаи муштарак нақша доранд, ки дар Душанбе истеҳсоли 5 намуд автобусҳои дохилишаҳрӣ ва беруназшаҳриро – аз 250 то 300 адад дар як сол ба роҳ монанд.

Автобусҳои дар Душанбе бандубаст ва истеҳсолшаванда тавлиди кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон буда, муҳаррики он истеҳсоли Ширкати немисии «Мерседес Бенз» мебошад, ки дар миқёси ҷаҳон солҳои зиёд шуҳрати беандоза дорад.

Мавриди зикр аст, ки моҳи июли соли равон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Намоишгоҳи байналмилалӣ дар самти таҷҳизоти автобус, лавозимот ва хизматрасонӣ — «BUSWORLD Central Asia 2019»  доир гардида, дар он аввалин ширкати муштараки тоҷикиву туркии «AKIA AVESTO» ширкат варзид.

Дар намоишгоҳи мазкур намояндагони ширкатҳои бонуфузи истеҳсоли автобусҳо иштирок намуда, ба маҳсулоти ширкати муштараки тоҷикиву туркии «AKIA AVESTO», ки 3 навъи автобусҳои 8- метра, 12- метра ва дуошёнаро дарбар мегирад, таваҷҷуҳи  махсус зоҳир намуданд.

Бояд гуфт, ки аввалин автобуси дуошёна давоми се рӯз- аз 8 то 10 август ба меҳмонон ва иштирокчиёни Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии туристии «Тоҷикистон-2019» хизмат мерасонад. Ин форум ва намоишгоҳро Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумиҳурии Тоҷикистон  бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе баргузор  менамояд. Бино ба маълумоте, ки хабарнигори АМИТ “Ховар” аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба даст овард,   ҳадаф аз баргузории форум  ва намоишгоҳи мазкур рушди ҳамкорӣ дар бахши сайёҳии байналмилалӣ,  муаррифии  имкониятҳои сайёҳии  Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои  рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳии мамлакат мебошад.

Дар чорабиниҳои мазкур намояндагони филиалҳои соҳавии мамлакатҳои ҳамкор, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла,  Созмони ҷаҳонии  сайёҳӣ, ширкатҳои  сайёҳии ватанию хориҷӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ассотсиатсияҳо ва таҳлилгарони бештар аз 25 мамлакати ҷаҳон иштирок меварзанд.

Форуми байнамилалӣ дар чор бахш –ҷалби  сармоя ба инфрасохтори  сайёҳӣ,   сайёҳӣ –омили  муҳими густариши робитаҳо, сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва таърихию фарҳангӣ, сайёҳии табобатию солимгардонию рекреатсионӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ   ва пайомадҳои  иқтисодии он  баргузор гардида, иштирокдорон масъалаҳои муҳими марбут ба рушди соҳаи туризм ва инфрасохтори он, тақвияти ҳамкории байналмилалии сайёҳиро баррасӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сайёҳӣ дар Боғи  фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир»  Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардида, дар он имкониятҳо ва дастовардҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ  мегарданд.

Август 7, 2019 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ». Дар Душанбе Фестивали чоруми дӯстии ҷавонон доир мешавад
«КАРНАВАЛИ НАВРӮЗӢ». Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир мегардад
«Карнавали Наврӯзӣ» дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе 25 март баргузор мегардад
ХУШ ОМАДӢ, НАВРӮЗИ МАН! Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ сокинону меҳмонон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа ва сарбозони қисмҳои низомӣ кумак расонида шуд
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар тамоми боғҳои пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд
Субҳи имрӯз дар «Боғи Ғалаба» сокинони чор ноҳияи пойтахт бо оростани гулхани ҷашнӣ фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд
Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид
РАМЗИ БАҲОРУ НАВРӮЗ. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе табақи суманак гузошта шуд
Дар Душанбе бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон фестивали байналмилалӣ оғоз ёфт
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Дар шаҳри Душанбе фестивали байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ-МАКОНИ БЕҲТАРИНИ САЙЁҲӢ. Дар айёми баҳор пойтахт барои гардишгарӣ хеле муносиб аст