Дар Душанбе нахустин конфронси миллӣ оид ба фарогирии молиявӣ баргузор гардид

Август 21, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 21.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунии дастрасии молиявии аҳолии Тоҷикистон, таҳияи стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар мамлакат, баланд бардоштани маърифати молиявии сокинон  дар нахустин конфронси миллӣ  оид ба фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Душанбе доир гардид, мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова дар конфронс гуфт, ки «дар шароити феълии рушди босуръати иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои молиявӣ фарогирии молиявӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар самти таъмини суботу устувории молиявии ҳар кишвар маҳсуб мешавад».

Мавсуф афзуд, ки дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон  тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд. Аз ҷумла, оид ба баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, тақвият бахшидани пардохтҳои ғайринақдӣ дар мамлакат барномаҳои алоҳида таҳия ва  амалӣ шуда истодаанд. “Ҳамчунин таҳияи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати молиявии ҷумҳурӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки бояд ба таври дастаҷамъона бо вазорату идораҳои марбута ва бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонии муваффақ таҳия карда шавад”,-иброз намуд Лола Салимова.

Дар ҷараёни нахустин конфронси миллӣ мавзӯъҳои дигари марбут  ба рушди фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, зарурати таҳияи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявию маърифати молиявӣ – василаи калидии фарогирии молиявӣ, реҷаи махсуси танзим ва нақши он дар рушди технологияи нави бонкӣ, афзоиши ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ ва ҳолати кунунии татбиқи усулҳои бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

 

Август 21, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд