Дар Душанбе навъҳои гуногуни маводи мухаддир сӯзонида шуд

Август 15, 2019 16:30

ДУШАНБЕ, 15.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар шаҳри Душанбе навъҳои гуногуни маводи мухаддир сӯзонида шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, зимни сӯзонидани маводи мухаддир кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура, суд ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доштанд.

«Аз ҷумла, 49 кг героин, 465 кг афюн, 345 кг бангдонаи хушккардашуда, ниҳолҳои бангдона ва дигар намуди моддаҳои нашъадор сӯзонида несту нобуд карда шуданд», — омадааст дар хабари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Қаблан Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковник Рамазон Раҳимзода ба хабарнигорон иттилоъ дода буд, ки дар шаш моҳи соли равон дар мамлакат 1 тоннаву 311 кг воситаҳои нашъадор дарёфт ва мусодира гардиданд.

Тавре имрӯз АМИТ «Ховар» хабар дод, 15 август дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид. Раиси Шӯрои мазкур, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азим Иброҳим зикр намуд, ки тайи солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди нашъамандон коҳиш ёфтааст.

Мусаллам аст, ки дар замони муосир масъалаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба яке аз проблемаҳои доғи рӯз табдил ёфтааст, зеро ба гуфтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «маблағҳои аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бадастоварда яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини молиявии терроризм  мебошанд».

Зимнан, 16-17 майи соли равон дар  Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва дигар шарикони байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла интиқоли маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ» конфронси сатҳи баланд баргузор гардид.

«Тоҷикистон бо дарки воқеии хатари глобалии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир давоми солҳои тӯлонӣ  талошҳои худро ба мубориза бо ин зуҳуроти хатарбор равона намуда, дар ин самт таҷрибаи кофӣ низ касб кардааст», — иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси мазкур.

Мавриди зикр хос аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  моҳи июни соли равон  дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Бишкек пешниҳод карданд, ки дар доираи СҲШ  созмони алоҳидае барои мубориза алайҳи гардиши маводи мухаддир  таъсис дода шавад. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки   таъсиси сохтори алоҳида мубориза алайҳи гардиши маводи мухаддирро самаранок хоҳад кард.

10 июл дар Вена таҳти раёсти Тоҷикистон иҷлосияи навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА   баргузор гардида, дар он пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон дастгирӣ ёфт.

Он замон АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки  дар ҷаласаи мазкур ба сифати суханварони калидӣ Дабири кулли СҲШ Владимир Норов, Намояндаи махсуси ИА оид ба Осиёи Марказӣ Петер Буриан ва Дабири кулли САҲА Томас Гремингер иштирок намуданд.

Владимир Норов  зикр намуд, ки дар ростои андешидани тадбирҳои зарурӣ дар роҳи мубориза бо таҳдидҳои марбут ба маводи мухаддир, сарони кишварҳои узви СҲШ зарур медонанд, ки пешнависи Консепсияи бунёди Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар Душанбе таҳия гардад.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир соли 1999 Ҳукумати Тоҷикистон бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун мақоми ваколатдори соҳа таъсис дод.  Инчунин бо ин мақсад аз соли 2013 инҷониб дар мамлакат Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои давраи то соли 2020 татбиқ шуда истодааст.

Август 15, 2019 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд
Ноҳияи Хуросон нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рӯзи якум иҷро гардид
Дар Фархор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иҷро гардид