Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон аввалин бозиро дар Ҷоми Президенти Қазоқистон-2019 бо ғалаба оғоз кард

Август 26, 2019 10:44

ДУШАНБЕ, 26.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони  то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол   бозии аввалини худро дар Ҷоми Президенти Қазоқистон бо ғалаба оғоз кард. Рақиби   футболбозони навраси тоҷик дар ин давр  дастаи  мунтахаби наврасони  то 17-солаи Арманистон   ба ҳисоб мерафт. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар  медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин вохӯрии ҷолиб  бозингарони дастаи  мунтахаби наврасони    Тоҷикистон  бартарӣ доштанд, вале ҳисоби бозиро кушода натавонистанд.

Дар оғози қисмати дуюми сабқат футболбозони ҷавони арманӣ пешсаф шуданд. Баъдан Аҳлиддин Тӯрдиев Сунатулло Азизов ва Муҷовид Шовайсуддиновро ба майдон ворид намуд. Маҳз ҳамин тағйирот бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар идомаи рақобат пурқувват кард. Зимни бозии минбаъда ҳар ду футболбоз ба дарвозаи ҳариф якголӣ зада, пирӯзии дастаи  мунтахаби наврасони Тоҷикистонро таъмин намуданд.

Август 26, 2019 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд