Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба финали Ҷоми Президенти Қазоқистон роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 26.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш дастаи мунтахаби наврасони то 16- солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Ҷоми Президенти Қазоқистон ба пирӯзии нав соҳиб шуд. Дар бозии дуюми гурӯҳи «В» шогирдони Аҳлиддин Турдиев дастаи мунтахаби наврасони Қазоқистонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуда, соҳиби роҳхат ба даври финалӣ гардиданд. Аз ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон голҳоро Раҳматшо Раҳматзода ва Муҳаммадворис Сайдалиев ба нишон расонида, пирӯзии дастаашонро таъмин намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Рақиби дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Президенти Қазоқистон баъд аз бозӣ байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Қазоқистон ва Литва муайян мешавад. Хотиррасон мекунем, ки дар даври якум дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дастаи мунтахаби наврасони Арманистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буданд.
Ҷоми президенти Қазоқистон-2019
Гурӯҳи «В»
Бозиҳои даври дуюм
Қазоқистон (U-16) – ТОҶИКИСТОН (U-16) – 1:2
Голҳои Тоҷикистон: Раҳматшо Раҳматзода, Муҳаммадворис Сайдалиев
Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалини худро дар Ҷоми Президенти Қазоқистон бо ғалаба оғоз карда буд. Рақиби футболбозони навраси тоҷик дар ин давр дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Арманистон ба ҳисоб мерафт. Дар ин вохӯрии ҷолиб бозингарони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бартарӣ доштанд, вале ҳисоби бозиро кушода натавонистанд.
Дар оғози қисмати дуюми сабқат футболбозони ҷавони арманӣ пешсаф шуданд. Баъдан Аҳлиддин Тӯрдиев Сунатулло Азизов ва Муҷовид Шовайсуддиновро ба майдон ворид намуд. Маҳз ҳамин тағйирот бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар идомаи рақобат пурқувват кард. Зимни бозии минбаъда ҳар ду футболбоз ба дарвозаи ҳариф якголӣ зада, пирӯзии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро таъмин намуданд.
Гурӯҳи «В»
Бозиҳои даври якум
Арманистон (U-17) – Казахстан (U-16) – 2:2
Тоҷикистон (U-16) – Арманистон (U-17) – 2:1
Голҳои Тоҷикистонро: Сунатулло Азизов, Муҷовид Шовайсуддинов.








«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд






