Фестивали тобистонаи Душанбе ба базми ҷавонию дӯстӣ ва шодию нишоти кӯдакону наврасон табдил ёфт

Август 18, 2019 20:40

ДУШАНБЕ, 18.08.2019. /АМИТ «Ховар»/.  17-18 август дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт Фестивали тобистонаи Душанбе баргузор гардид, ки дар он сарояндаи машҳури эрониасли муқими Амрико Мансур Ҷаъфарӣ ва ҳофизони маъруфи тоҷик – Шабнами Сурайё, Нобовар Чаноров ва дигарон ҳунарнамоӣ карданд. Бояд гуфт, ки ин дуюмин Фестивали тобистонаи Душанбе мебошад, ки  бо шукӯҳи хосса таҷлил гардида, дар он на танҳо сокинони пойтахт, балки теъдоди зиёди меҳмонон ва сайёҳон аз кишварҳои хориҷӣ иштирок намуданд.

Тавре  мухбири  АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар Фестивал барои сайругашти оилавии шаҳрвандон тамоми шароит фароҳам шуда буд.

Дар ин рӯзҳо тамоми тарабхонаҳои пойтахт таҳти унвони «Ғизои болаззат»  хӯрок ва дигар маҳсулоти  миллиро  ба намоиш ва  фурӯш гузоштанд.

Барои бачаҳо таҳти унвони «Шаҳри афсонаҳо» ҳар гуна барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла,  бо иштироки ҳунармандони театрҳои  пойтахт  намоишҳои мазҳакавӣ ва ҳазлу шухӣ пешниҳод  гардид.

Дар Фестивал  барои дӯстдорони ширинӣ   беҳтарин анво пешниҳод гардида,  нуқтаҳои фурӯши меваҳои шаҳдбори сарзамин ташкил шуданд. Иштирокдорон  дар  бурдҳои қиматнок ширкат варзида, соҳиби  туҳфаҳои арзишманд шуданд.

Бояд зикр кард, ки   бо даъвати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Фестивали мазкур гурӯҳи  ҳавонавардон  аз Кумитаи сайёҳии  Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок доштанд.

Аз ҷониби  гурӯҳи мазкур доир ба тарзи истифода ва парвози пуфакҳои ҳавоӣ  машғулиятҳои омӯзишӣ   гузаронида шуд. Сипас   чанд адад  пуфакҳои ҳавоӣ  ба ҳаво  сар  дода шуданд.

Дар ин Фестивал  сокинону меҳмонони шаҳр имкон доштанд  ҷаҳиши парашутчиёнро тамошо карда,  дар  кураҳои ҳавоӣ парвоз намоянд.

«Дар ин Фестивал  намоиши  ҳунарҳои мардумӣ низ ташкил гардид. Иштирокдорони он, бахусус меҳмонони хориҷӣ  аз  маҳсулоти дастии ҳунармандони тоҷик ҳар гуна маҳсулотро харид намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки фармоишгари Фестивали мазкур  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, бароҳандозандаи он «Руё продюссер» (Rooyo Production)  ва сарпарастонаш Федератсияи Футболи Тоҷикистон,  ширкати ҳавоии  туркӣ  (Turkish Airlines),  ширкати «Coca-Cola» дар Тоҷикистон ва ғайраҳо буданд.

Фестивали мазкур  бо мақсади муаррифӣ намудани шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии мамлакат  ва фароҳам овардани имконият ҷиҳати таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт роҳандозӣ  гардид.

Ёдовар  мешавем, ки Фестивали тобистонаи Душанбе-«Dushanbe Summer Fest»-2018,   ки 18-19 августи соли 2018   бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар пойтахт баргузор гардида буд,   сазовори Ҷоизаи байналмилалии нуқрагин дар соҳаи  баргузории барнома  ва рӯйдодҳои маркетингии  Осиёи Марказӣ («Event Awards Central Аsia»)  гардид.

Тибқи натиҷагирии   ташкилоти   мазкур, дар номинатсияи «Беҳтарин барномаи оммавӣ», ки он миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон   ва Қазоқистон   баргузор шуд,  Фестивали тобистонаи Душанбе — «Dushanbe Summer Fest»-2018, ки дар он зиёда аз 40 ҳазор нафар одамон иштирок намуда буданд, сазовори ҷои дуюм гардид.

Дар  ҳайате, ки    ба натиҷаҳои   ин лоиҳа баҳогузорӣ намуд, маъруфтарин намояндагони воситаҳои ахбори омма ва  аҳли фарҳанги Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон,  Латвия  ва  Молдавия  иштирок  намуданд.

Мавриди зикр аст, ки  Фестивали тобистонаи Душанбе -2019 дар муқоиса ба  Фестивали соли гузашта  бошукӯҳтар гузашт. Зеро тавре дар боло зикр шуд, дар он  сарояндаи шинохта Мансур Ҷаъфарӣ иштирок намуд, ки теъдоди ҳаводорони ҳунараш дар Тоҷикистон  ниҳоят зиёданд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар понздаҳ соли охир  ин сафари чаҳоруми Мансур ба Тоҷикистон аст. Номбурда  бори аввал соли 2004 дар Душанбе барномаи  консертиро пешниҳоди ҳаводорони ҳунараш гардонида буд.

Мансур  солҳои 2011 ва 2014 низ барои иштирок дар ҷашнҳои  наврӯзӣ ба Тоҷикистон омада буд.

Мансур Ҷаъфарӣ зимни суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт, ки «Тоҷикистон ба Ватанам шабоҳати зиёд дорад ва ман ин мардумро зиёд дӯст медорам. Зеро рӯзҳое ки инҷоям, худро дар манзили бегона эҳсос намекунам. Душанбе нисбат ба чанд соли пеш, боз ҳам зеботару дӯстдоштанӣ шудааст. Биноҳои нав пойтахти давлати тоҷиконро ба таври шинохтанашаванда дигаргун намудаанд. Ман минбаъд низ ба Тоҷикистон меоям».

Август 18, 2019 20:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
Таҷлили бошукуҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко ба «Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Душанбе» ташриф оварданд
Шаҳри Душанбе сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» гардид
Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3 миллион бех лола шинонида мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Душанбе таъмини 3300 иншоот бо гармӣ дар назар дошта шудааст
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 214 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд
Дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ! Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешавад
Дар Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Клуби «Волонтёрони экологӣ» таъсис дода шуд