ФУТБОЛ: «Истиқлол», «Регар-ТадАЗ» ва КМВА «Помир» дар даври сенздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон ғолиб омаданд
ДУШАНБЕ, 26.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бозии марказии даври 13 Лигаи олии футболи Тоҷикистон — ин рақобати дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хатлон»-и Бохтар ба шумор мерафт. Бозии ин дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе хеле ҷолиб баргузор шуда, бо ҳисоби калони 5:0 ба фоидаи чемпиони феълии мамлакат -«Истиқлол»-и Душанбе хотима ёфт. Идомаи мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Дар рақобатҳои дигари даври мазкур дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ» -и Турсунзода ва КМВА «Помир»-и Душанбе рақибонашонро мағлуб намуданд.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 13-ум
«Истиқлол» — «Хатлон» — 5:0
Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 14 (1:0). Шериддин Бобоев, 64 (2:0). Муҳаммадҷон Раҳимов, 67 (3:0). Шериддин Бобоев, 82 (4:0). Алишер Ҷалилов, 84 (5:0)
«Кӯктош» — «Регар-ТадАЗ» — 3:4
Голҳо: Шерзод Маҳамадиев, 21 (0:1). Шерзод Маҳамадиев, 38 (0:2). Амирҷон Сафаров, 45+2 (1:2). Нозим Бобоҷонов, 48 (1:3). Муҳсин Абдуғаффоров, 73 –пеналти (2:3). Шерзод Маҳамадиев, 75 (2:4). Отабек Каримов, 83 (3:4).
КМВА «Помир» — «Панҷшер» — 2:0
Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 10 –пеналти (1:0). Шодибек Ғаффоров, 75 (2:0).
Ёдовар мешавем, ки бозии марказии даври 12-уми Чемпионати Тоҷикистон-2019 миёни дастаҳои лигаи олӣ-ин рақобат миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ба шумор мерафт. Гарчанде рақобати ин ду даста пуршиддат сурат гирифт, аммо мухлисон шоҳиди гол нашуданд.
Ҳамин тавр бозии марказии даври мазкур бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт. Дар бозии дигари даври 12-ум дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар хонааш дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 12-ум
«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер» – 2:0
Голҳо: Нозим Бобоҷонов, 27 (1:0). Нозим Бобоҷонов, 90+3 (2:0).
«Истиқлол» – «Кӯктош» – 0:0
КМВА «Помир» – «Хуҷанд» – 2:1
Голҳо: Давронҷон Эргашев, 28 (0:1). Шервонӣ Мабатшоев, 70 (1:1). Шодибек Ғаффоров, 88 (2:1).
«Истаравшан» – «Хатлон» – 1:2
Голҳо: Аҳтам Ҳамроқулов, 26 (0:1). Наимҷон Иброҳимзода, 45+2 (0:2). Илҳомҷон Баротов, 69 (1:2).








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






