ФУТБОЛ: «Истиқлол», «Регар-ТадАЗ» ва КМВА «Помир» дар даври сенздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон ғолиб омаданд

Август 26, 2019 09:50

ДУШАНБЕ, 26.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бозии марказии даври 13 Лигаи олии футболи  Тоҷикистон — ин  рақобати дастаҳои «Истиқлол»-и   Душанбе  ва «Хатлон»-и Бохтар ба шумор мерафт. Бозии ин дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Душанбе  хеле ҷолиб баргузор шуда, бо ҳисоби калони 5:0 ба фоидаи чемпиони феълии мамлакат -«Истиқлол»-и  Душанбе  хотима ёфт. Идомаи мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

Дар рақобатҳои дигари даври мазкур  дастаҳои футболи  «Регар-ТадАЗ» -и Турсунзода ва КМВА «Помир»-и  Душанбе  рақибонашонро мағлуб намуданд. 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 13-ум

«Истиқлол» — «Хатлон» — 5:0

Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 14 (1:0). Шериддин Бобоев, 64 (2:0). Муҳаммадҷон Раҳимов, 67 (3:0). Шериддин Бобоев, 82 (4:0). Алишер Ҷалилов, 84 (5:0)

«Кӯктош» — «Регар-ТадАЗ» — 3:4

Голҳо: Шерзод Маҳамадиев, 21 (0:1). Шерзод Маҳамадиев, 38 (0:2). Амирҷон Сафаров, 45+2 (1:2). Нозим Бобоҷонов, 48 (1:3). Муҳсин Абдуғаффоров, 73 –пеналти (2:3). Шерзод Маҳамадиев, 75 (2:4). Отабек Каримов, 83 (3:4).

КМВА «Помир» — «Панҷшер» —   2:0

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 10 –пеналти (1:0). Шодибек Ғаффоров, 75 (2:0).

Ёдовар  мешавем, ки  бозии марказии даври 12-уми Чемпионати Тоҷикистон-2019 миёни дастаҳои лигаи олӣ-ин рақобат миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва  «Кӯктош»-и  ноҳияи Рӯдакӣ  ба шумор мерафт. Гарчанде рақобати ин ду даста пуршиддат сурат гирифт, аммо мухлисон шоҳиди гол нашуданд.

Ҳамин тавр бозии марказии даври мазкур бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт. Дар бозии дигари даври 12-ум дастаи футболи  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода  дар хонааш дастаи «Панҷшер»-и   Ҷалолиддини    Балхиро  бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 12-ум

«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер» – 2:0

Голҳо: Нозим Бобоҷонов, 27 (1:0). Нозим Бобоҷонов, 90+3 (2:0).

«Истиқлол» – «Кӯктош» – 0:0

КМВА «Помир» – «Хуҷанд» – 2:1

 Голҳо: Давронҷон Эргашев, 28 (0:1). Шервонӣ Мабатшоев, 70 (1:1). Шодибек Ғаффоров, 88 (2:1).

«Истаравшан» – «Хатлон» – 1:2

Голҳо: Аҳтам Ҳамроқулов, 26 (0:1). Наимҷон Иброҳимзода, 45+2 (0:2). Илҳомҷон Баротов, 69 (1:2).

Август 26, 2019 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси КФО дар Ванкувер иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: имрӯз қуръакашии мусобиқа баргузор мегардад
Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд
Варзишгарони навраси Ёвон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ГӮШТИН-2026. Загреб мизбони сабқатҳои тарзи озод ва юнонӣ-римӣ мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар Познани Полша баргузор мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба тенниси рӯйи миз дар Лондон баргузор мешавад