Ифтитоҳи меҳмонхона, ҳаммом ва маркази хизматрасонии «Шайдон» дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон
ДУШАНБЕ, 06.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои меҳмонхона, ҳаммом ва маркази хизматрасонии «Шайдон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот аз се ошёна иборат буда, дар қабати якуми он ҳаммом, ҳавзи оббозӣ, буғхона, кошонаи ҳусн ва сартарошхона ҷой дода шудааст. Дар ошёнаи дуюм меҳмонхона бо 20 ҷой ва дар ошёнаи сеюм ошхона бо 60 ҷой ва толори тенниси рӯи миз ташкил карда шудааст. Корҳои сохтмониро дар бинои меҳмонхона, ҳаммом ва маркази хизматрасонии “Шайдон” соли 2017 оғоз намудаанд. Ҳуҷраҳои меҳмонхона бо шароити зарурӣ барои қабули меҳмонон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ таъмин мебошанд.
Дар ин маркази хизматрасонии муосир зиёда аз 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Масоҳати умумии бино зиёда 700 метри мураббаъро дар бар гирифта, дар яке аз маконҳои зебоманзари маркази деҳоти Сари Хосор ҷойгир шудааст ва он хеле назаррабо ба чашм мерасад. Атрофи биноро дарахтони ороишӣ ва нишастгоҳҳо зиннат медиҳанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити маркази хизматрасонӣ ҷиҳати истифодаи пурсамар аз имконоти фароҳамгардида ва муаррифии ҳарчи бештари мавзеъҳои тамошобоби Сари Хосор ба масъулин дастуру ҳидоятҳо доданд.
Деҳоти Сари Хосор дорои табиати зебо ва мавзеъҳои зиёди сайёҳӣ буда, ҳамасола аз он теъдоди зиёди сайёҳони дохиливу хориҷӣ дидан мекунанд. Дар ояндаи наздик ба хотири рушди соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи Сари Хосор боз бунёди 5 адад меҳмонхонаи замонавии дигар низ ба нақша гирифта шудааст. Мавзеи Сари Хосор барои рушди навъҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла саёҳати экологӣ, кӯҳгардӣ ва шикор созгор мебошад. Деҳоти Сари Хосор бо имкониятҳои зикршуда дар кишвар яке аз минтақаҳои зебои сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза, иқлими мусоид ва ёдгориҳои нодири таърихиву фарҳангӣ мебошад. Эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар такони ҷиддӣ бахшид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз мавриди истифода қарор додани марказҳои хизматрасонӣ ва суҳбат бо кормандону масъулин иншооти ба истифодадодашударо туҳфаи арзандаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои мардуми деҳоти Сари Хосор дар рӯзҳои таҷлил аз 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд.









Супоришҳои қатъии Пешвои миллат доир ба афзун намудани истеҳсоли семент
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдонро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободиро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ сарфароз гардонида шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуданд






