Ифтитоҳи Меҳмонхонаи «Султон» ва зиёрати Оромгоҳи Султон Увайс дар ноҳияи Ховалинг
ДУШАНБЕ, 08.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. 8 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздиди корӣ дар ноҳияи Ховалинг дар ҳудуди Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ Меҳмонхонаи «Султон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз ин мавзеи таърихӣ дидан ва зиёрат намуданд.
Меҳмонхонаи «Султон» дар ҳудуди ин макони таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии кишвар бо тарҳи зебо аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Исмоил Садиров ва Маҳмадалӣ Раҳимов дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати 9 моҳ сохта шудааст.
Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар як вақт имкони хидмат расонидан ба 16 нафарро дорад ва бо ифтитоҳи он боз 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоҷаши хуб таъмин гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои анҷомшуда ва шароити муосири хидматрасонӣ дар ин меҳмонхона ба сайёҳону меҳмонон дар ин ҷо ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд доданд.
Таъкид гардид, ки шароити хидматрасонӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ дар мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии мамлакат сол аз сол бо дастгирии роҳбарияти олии кишвар ва иқдоми соҳибкорони ватандӯст беҳтар мегардад.
Меҳмонхонаи «Султон» бо харҷи 1,3 миллион сомонӣ аз ҳисоби пасандозҳои соҳибкорон сохта шуда, дорои 8 ҳуҷра бо тамоми шароити муосири хидматрасонӣ мебошад.
Масоҳати меҳмонхона 169 метри мураббаъро дар бар гирифта, атрофи он дар доираи иқдомҳои созанда сабзу хуррам гардонида шудааст ва бо мақсади боз ҳам беҳтар гардонидани истироҳату фароғати мизоҷон дар ҳудуди ин иншооти муосири хидматрасонӣ 3 айвонча бунёд гардидааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва дигар иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллӣ дар ин макони таърихӣ баҳои арзанда дода, масъулинро ҷиҳати боз ҳам беҳтарр намудани шароит ва муаррифии меҳмоннавозии хоси тоҷикона ба сайёҳони хориҷӣ дастур доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи ин меҳмонхона дар ҳудуди мамнуъгоҳ оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қараниро зиёрат намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид барои суботу оромии Ватани азиз ва саодатмандию сарбаландии мардуми шарифи Ватан дуою фотиҳаи нек карданд.
Ормогоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар як мавзеи дилфиребу дорои табиати нотакрори ноҳияи Ховалинг мавқеъ гирифта, ҳамарӯза аз он ба ҳисоби миёна 400-500 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ дидан ва зиёрат мекунанд.
Тибқи маълумоти масъулин, танҳо соли гузашта аз ин Оромгоҳ зиёда аз 20 ҳазор нафар дидан намуда, аз табибати нотакрори ин мавзеъ ҳаловат бурдаанд.
Тавре таъкид гардид, ҳудуди Мамнуъгоҳ бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Президенти мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ободу зебо гардонида шуда, танҳо соли равон ба масоҳати 10 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳои ҳудуди он сафолакпӯш карда шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити мавҷуда дар ин макони таърихӣ ба масъулин ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи Оромгоҳ ва риояи суннату анъанаҳои хоси миллӣ ҳангоми ташрифу боздиди сайёҳону меҳмонон аз ин ҷо дастуру ҳидоятҳо доданд.
Дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг макону мавзеъҳои зиёди таърихию фарҳангӣ ва сайёҳӣ мавҷуданд, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо иқдому ташаббусҳои бевоситаи Сарвари фарҳангпарвари мамлакат мавриди таъмиру навсозӣ қарор гирифта, сатҳу сифати хидматрасонӣ дар онҳо барои меҳмонони дохилию хориҷӣ бамаротиб беҳтар гардидааст.
Бо ҳамин сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг анҷом ёфт ва сокинони сарбаланди ин минтақаи дилфиреби Ватан Сарвари ғамхору раъйиятпарвари худро бо самимияту муҳаббати беандоза гусел намуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд






