Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон толори варзиширо дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ифтитоҳ намуданд

Август 6, 2019 08:28

ДУШАНБЕ, 06.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон бо бардоштани парда аз болои лавҳаи рамзӣ толори кушоду барҳавои варзиширо, ки аз тарафи соҳибкорони ватанпарвари ноҳия сохта шудааст, ба варзишгарону сокинони ин минтақаи дурдаст тақдим намуданд.

Сипас Сарвари давлат бо ворид шудан ба толор бо ҷараёни машқу тамрини варзишгарони риштаи дзюдои ноҳия дар шароити мусоид шинос шуданд.

Корҳои бунёдӣ дар ин иншооти варзишӣ моҳи июни соли 2017 оғоз гардида, дар муҳлати беш аз 2 сол бо ҷалби қариб 50 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ мутобиқи талаботи замони имрӯза ба итмом расиданд. Иншоот аз 2 ошёна иборат буда, дорои толори машқу тамрин бо масоҳати 690 метри мураббаъ, утоқҳои корӣ, ҷойи либосивазкунӣ ва дигар шароити тамрин мебошад. Лоиҳаи бино аз ҷониби ҶДММ «Неъматулло» бо тарҳи нав таҳия гардидааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки солҳои қаблӣ, новобаста аз мавҷуд набудани шароити хуби машқу тамрин варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои гуногун фаъолона ширкат варзида, шарафи Точикистонро дар сатҳи байналмилалӣ боло мебардоштанд. Айни замон шумораи варзишгарони ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон 170 нафарро ташкил медиҳад ва қисме аз онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявию вилоятӣ, ҷумхуриявию байналмилалӣ иштирок варзида, соҳиби медал ва ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.

Дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 3 маротиба аз намудҳои дзюдо ва дастхобонӣ ширкат намудани варзишгарони ҷавону навраси ин ноҳияи кӯҳистони мамлакат аз таваҷҷуҳи бештари сокинони ноҳия ба тарзи ҳаёти солим ва саҳм гузоштан дар рушду равнақи ин соҳа дарак медиҳад.

Баробари мавриди истифода қарор гирифтани нахустин толори варзишии замонавӣ дар ноҳияи Балҷувон 3 нафар устоди варзиш ба кор ҷалб шуданд, ки дар тарбияи варзишгарони бомаҳорату номбардори миллат дар арсаи ҷаҳонӣ саҳм хоҳанд гузошт.

Мавриди таъкид аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш, дар ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ба вукӯъ пайвастанд, ки намунаи беҳтарини онҳо ин толори тозабунёди варзишии замонавӣ мебошад.

Ифтитоҳи толори варзишӣ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон 06.08.2019

Август 6, 2019 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд