«ҶИЛВАИ РАНГҲО» . Фестивале, ки ба ҳусни Душанбе хоҳад афзуд
ДУШАНБЕ, 01.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» баргузор мегардад. Дар ин робита, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳр барои баргузории фестивали мазкур 30 750 (сӣ ҳазору ҳафтсаду панҷоҳ) сомонӣ ба суратҳисоби Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе ҷудо гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори дахлдор ҳайати Кумитаи тадорукоти фестивали мазкур тасдиқ гардид.
Рустами Эмомалӣ муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт ва дигар масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани Фестивали «Ҷилваи рангҳо» якҷо бо ҳайати Кумитаи тадорукот тибқи Низомномаи он, ки аз ҷониби Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2019 тасдиқ шудааст, тадбирҳои дахлдор андешанд.
ДАР АКС: фестивали тобистона дар Душанбе, моҳи августи соли 2018. Акс аз бойгонӣ.








«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд






