Имрӯз Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мегардад

Август 23, 2019 10:15

ДУШАНБЕ, 23.08.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе маросими кушодашавии 10-умин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз меёбад.

Мусобиқаи  мазкур дар асоси тақвими нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи тенниси Тоҷикистон доир гардида, дар он варзишгарон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон, Покистон, Россия, Беларус, Америкаю Канада иштирок ва  барои дарёфти  «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мубориза менамоянд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис соати 16:00 оғоз шуда,  дар  маросими ифтитоҳи он намояндагони вазорату идораҳо, сафирон ва меҳмонон  иштирок менамоянд.

Мақсад  аз баргузории мусобиқаи мазкур- рушди варзиш дар ҷумҳурӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, муттаҳидӣ, ягонагӣ ва дӯстӣ миёни миллатҳою варзишгарон  мебошад.

Мусобиқаи  байналмилалӣ оид ба теннис  аз 23  то 27 август идома ёфта, барои   ғолибони ҷои аввал 10 ҳазор  сомонӣ, ҷои дуюм 8 ҳазор  сомонӣ ва ҷои сеюм 5 ҳазор сомонӣ мукофот пешбинӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки  бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  аз 19 марти соли 2005  инҷониб ҳамасола 23 — 27 август дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида мешавад.

Август 23, 2019 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд