Иштирокчиёни даври ¼- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 08.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври ҳаштякфинали Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол ба анҷом расида, иштирокчиёни даври чорякфинал муайян гардиданд. Се дастаи лигаи олии Тоҷикистон – «Кӯктош»-и Рӯдакӣ, «Истаравшан»-и Истаравшан ва «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ натавонистанд ба даври дигар роҳ ёбанд. Идомаи мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Ҳамин тариқ, дар даври чорякфинал 5 дастаи лигаи олӣ ва 3 дастаи лигаи аввал барои ба даст овардани ҷом муборизаро идома медиҳанд. Дар даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои футболи «Хатлон»-и Бохтар бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд, КМВА «Помир»-и Душанбе бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Эсхата»-и Хуҷанд бо «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ҳулбук»-и Восеъ бо «Дӯстӣ»-и Ҷайҳун байни ҳам рақобат мекунанд. Бозиҳои аввал 21 август, бозиҳои ҷавобӣ 28 августи соли равон доир мегарданд.
Ҷоми Тоҷикистон-2019
1/8-финал
«Хатлон» (Бохтар) – «Саройкамар» (Панҷ) – бозии ҷавобӣ — 5:1, бозии аввал — 1:0 (6:1)
КМВА «Помир» (Душанбе) – «Душанбе-83» (Душанбе) – 0:0, 1:1
«Исфара» (Исфара) – «Эсхата» (Хуҷанд) – 3:3, 2:4 (5:7)
«Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2, 0:0
«Ҳулбук» (Восеъ) – «Истаравшан» (Истаравшан) – 3:1, 0:1 (3:2)
«Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) – «Дӯстӣ» (Ҷайҳун) – 0:1, 1:1 (1:2)
«Барқчӣ» (Ҳисор) – «Истиқлол» (Душанбе) – 1:7, 2:7 (3:14)
«Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:5, 0:7 (0:12)
Ба ин тартиб, дар чорякфинал дастаҳои зерин бо ҳам рақобат мекунанд:
«Хатлон» – «Хуҷанд»
КМВА «Помир» – «Регар-ТадАЗ»
«Эсхата» – «Истиқлол»
«Ҳулбук» – «Дӯстӣ»
Бозиҳои аввали чорякниҳоӣ 21 август ва бозиҳои ҷавобӣ 28 август баргузор мешаванд.
Ҷоми Тоҷикистон-2019. ¼-финал
Бозиҳои аввал
21 август (чоршанбе)
«Хатлон» – «Хуҷанд»
КМВА «Помир» – «Регар-ТадАЗ»
«Эсхата» – «Истиқлол»
«Ҳулбук» – «Дӯстӣ»
Бозиҳои ҷавобӣ
28 август (чоршанбе)
«Хуҷанд» — «Хатлон»
«Регар-ТадАЗ» — КМВА «Помир»
«Истиқлол» — «Эсхата»
«Дӯстӣ» — «Ҳулбук»








Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд






