Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг

Август 7, 2019 07:51

ДУШАНБЕ, 07.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 7 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва ҷиҳати ифтитоҳи як зумра иншооти муҳим, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Сокинони сарбаланди ноҳияи Ховалинг Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти афзун ва рӯҳияи болида истиқбол гирифтанд.

Дар макони истиқбол Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни нонпазии кадбонуҳои ноҳия дидан намуда, зимни суҳбат онҳоро ба ҳифзи анъанаҳои хоси миллӣ ва тарғибу ташвиқи ҳунари нонпазӣ ба ҷавондухтарон ҳидоят намуданд.

Ноҳияи Ховалинг дорои таърихи бою рангин буда, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти мамлакат рушд намуда, симои ноҳия дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон куллан дигаргун гардидааст.

Истиқбол дар ноҳияи Ховалинг 07.08.2019

Август 7, 2019 07:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд