МАЛИКАИ ТИРАМОҲ. Бо мақсади ғанӣ гардонидани дастурхони аҳолӣ дар ҷумҳурӣ Иди каду баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 10.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. 25 август дар шаҳри Душанбе Иди Каду баргузор мегардад. Ин ид тайи чор сол аст, ки бо мақсади ғанӣ гардонидани дастурхони аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Бино ба маълумоти манбаъ, иди мазкур дар Маҷмааи савдои «Меҳргон» баргузор гашта, дар он кишоварзони ноҳияҳои атрофи шаҳр иштирок ва маҳсулоти худро ба намоишу фурӯш манзур менамоянд.
Иди мазкур бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир мегардад.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, соли равон дар баробари зиёд намудани майдони кишт истеҳсоли маҳсулоти каду низ афзоиш ёфта, навъҳои гуногуни он парвариш гардидаанд.
Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди бахши кишоварзӣ омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ мебошад. Пешвои миллат моҳи октябри соли 2018 дар Қасри Арбоби вилояти Суғд аз намоишгоҳи кишоварзӣ дидан намуда, ба натиҷаи фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд доданд.
Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва иҷрои ҳадафҳои бобарори Ҳукумати ҷумҳурӣ мо метавонем ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- таъмини амнияти озуқаворӣ расида, бо ин сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намоем.
Кадуро барҳақ “маликаи тирамоҳ” меноманд. Он асосан моҳи сентябр пухта мерасад, вале баъзе навъҳои дерпази он охири моҳи октябр них ҳосил медиҳанд. Баъзан кадуро “сабзавоти охирини сол” меноманд. Кадуро аз тирамоҳ то зимистону баҳор дар ҷои салқин нигоҳ доштан мумкин аст, бар замми ин аз он метавон даҳҳо намуд таомҳои болаззат томода кард. Дар Тоҷикистон аз он ширкаду ва шӯрбо тайёр мекунанд, бо каду самбӯсаю манту мепазанд. Итолиёвиҳо ба таоми ризотто ҳамроҳ мекунанд, дар Австрия аз он шнапс, дар Ҳиндустон — ҳалво, дар Россия – шавла (каша) омода менамоянд.
Ҳамин тариқ, кн яке аз зироати дар ҷаҳон маъмул буда, халқҳои зиёди олам онро ҳамчун хӯроки серғизо истифода мебаранд. Ва иди каду низ доир мекунанд. Масалан, дар Россия Иди каду баргузор карда мешавад, дар Франсия, Германия, Хитой фестивали каду мегузарад. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳатто Рӯзи миллии каду таъсис дода шудааст, ки он ҳар сол 26 октябр таҷлил карда мешавад.
Дар дунё 15 намуди каду мерӯяд, ки аз он дар Тоҷикистон 3 ё 4 намудашро мекоранд. Инҳо гаҳворакаду, палавкаду, ошкаду ё чӯбкаду мебошанд. Коршиносони соҳаи тиб истеъмоли кадуро барои он тавсия медиҳанд, ки дар таркибаш то 11 фоиз қанд, 20 фоиз оҳар, 0,2-0,7 фоиз моддаҳои пектинӣ, сафеда, намакҳои минералӣ (махсусан фосфор, витамин, аз ҷумла каротин), 40 фоиз равғани хӯрданбоб ва 28 фоиз сафеда дорад.
Шайхурраис Абӯали Ибни Сино дар мавриди манфиати каду навиштааст. Дар китоби «Канзи шифо» ҷиҳати шифобахшии он чунин тавсиф шудааст: хӯрдани он ба мизоҷ сардӣ меоварад, дар бадан об медавонад, гиреҳҳои узвҳои дохили баданро мекушояд, пешобро равон мекунад, дарунро мулоим мегардонад; зардпарвин, исҳоли номунтазами меъда ва табҳои тезро шифо мебахшад.
Инчунин агар равғани тухмашро бихӯранд, бимоланд, бичаконанд ё дар бинӣ бирезанд, ё гузошта банданд, хушкии майна, бехобӣ, сил, табҳои гарм, дарди рӯдаҳоро, ки аз ҷамъ шудани сафро бошад, дафъ мекунад ва давои беназир мебошад.








Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи пленарии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумиҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Дар Рашт ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ ҳангоми оббозӣ бо хонандагон ва сокинон вохӯриҳо гузаронида шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЧОЙ. Чаро дар садсолаи охир талабот ба он боз ҳам зиёдтар гардид?
ОГОҲӢ! Аз 21 то 25 май дар Тоҷикистон хатари сар задани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ карда мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардид
МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО МЕРАСАД. Қоидаҳои шиновариро риоя кунед!
Гиромидошти хотираи неки фарзандони фидокор ва сарсупурдаи миллат ҷузъи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон аст
«МАН ЧӢ ГӮЯМ ВАСФИ ИН ОЛИҶАНОБ…». Андешае дар ҳошияи ташаббуси наҷиби Пешвои миллат оид ба эҳёи хотираи таърихӣ ва бозгашти хоки рамзии фарзандони бузурги тоҷик ба оғӯши Ватан
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Форуми байналмилалии «Занон ва об» баргузор мешавад
Дар шаҳри Кӯлоб маросими супоридани хок аз қабри Николай Томин ба ҳайати Федератсияи Русия баргузор гардид
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар шакли китоби алоҳида муназзам гардонида шуданд






