Мансур Ҷаъфарӣ ба Фестивали тобистонаи Душанбе омад. Шумо ҳам шитобед!

Август 16, 2019 13:02

ДУШАНБЕ, 16.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 17-18 август дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт Фестивали тобистонаи Душанбе баргузор мешавад, ки дар он сарояндаи машҳури эрониасли муқими Амрико Мансур Ҷаъфарӣ ҳунарнамоӣ мекунад. Мансур Ҷаъфарӣ бо ин мақсад дирӯз, 15 август  ба Душанбе омад. Дар понздаҳ соли охир  ин сафари чаҳоруми Мансур ба Тоҷикистон аст. Вай бори аввал соли 2004 дар Душанбе барномаи  консертиро пешниҳоди ҳаводорони ҳунараш гардонида буд.  Мансур  солҳои 2011 ва 2014 низ барои иштирок дар ҷашнҳои  наврӯзӣ ба Тоҷикистон омада буд.

Дар Фестивали мазкур ҳамчунин парвоз дар  кураҳои ҳавоӣ,  бозиҳои рангоранг ва барномаҳои шавқовар барои хурдсолон, пешниҳоди беҳтарин шириниҳо  барои дӯстдорони он,  ташкили гӯшаи писандидаи  ҷавонон,  навъҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, нуқтаҳои фурӯши меваҳои шаҳдбори сарзамин, тамошои ҷаҳиши парашутчиён ва бурдҳои қиматнок пешниҳоди  сокинону меҳмонони шаҳр мегарданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар Фестивал барои сайругашти оилавии шаҳрвандон тамоми шароит фароҳам оварда мешавад.

Вуруд ба фестивали мазкур тавассути «CityCard» ба роҳ монда  мешавад.  Нархи  вуруд ба фестивал  25 сомонӣ муқаррар гардидааст.

«Дар Фестивал  намоиши  ҳунарҳои мардумӣ низ ташкил мегардад. Ҳунармандон метавонанд, ки маҳсулоти худро пешниҳоди тамошобинон гардонанд. Иштироки ҳунармандон дар ин фестивал ройгон буда, онҳо метавонанд тавассути суроғаи электронии  daminzoda@gmail.com ҷиҳати иштирокашон  дар он муроҷиат намоянд»,-афзуд манбаъ.

Тавре дар боло ишора рафт, дар Фестивал аз ҷониби сарпарастон (TurkishAirlines,  ширкати «Coca-Cola» дар Тоҷикистон)  бурдҳои қиматнок,  аз ҷумла 10 адад дучарха ва дигар ашёи арзишнок ба роҳ монда шудаанд. Иштирокдорон  метавонанд   чиптаи саёҳат ба Туркияро, ки он аз ҷониби ширкати ҳавоии   «Turkish Airlines» ба роҳ  монда шудааст, бурд намоянд.

Фармоишгари Фестивал Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, бароҳандозандаи он «Рӯъё продюссер» (Rooyo Production)  ва сарпарастонаш Федератсияи Футболи Тоҷикистон,  ширкати ҳавоии  туркӣ  (Turkish Airlines),  ширкати «Coca-Cola» дар Тоҷикистон ва ғайраҳо мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, фестивали мазкур  бо мақсади муаррифӣ намудани шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии мамлакат  ва фароҳам овардани имконият ҷиҳати таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт роҳандозӣ мегардад.

Хотиррасон мешавем, ки Фестивали тобистонаи Душанбе-«Dushanbe Summer Fest»-2018,   ки 18-19 августи соли 2018   бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар пойтахт баргузор гардида буд,   сазовори Ҷоизаи байналмилалии нуқрагин дар соҳаи  баргузориии барнома  ва рӯйдодҳои маркетингии  Осиёи Марказӣ («Event Awards Central Аsia»)  гардид.

Тибқи натиҷагирии   ташкилоти   мазкур, дар номинатсияи «Беҳтарин барномаи оммавӣ», ки он миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон   ва Қазоқистон   баргузор шуд,  Фестивали тобистонаи Душанбе — «Dushanbe Summer Fest»-2018, ки дар он зиёда аз 40 ҳазор нафар одамон иштирок намуда буданд, сазовори ҷои дуюм гардид.

Дар  ҳайате, ки    ба натиҷаҳои   ин лоиҳа баҳогузорӣ намуд, маъруфтарин намояндагони воситаҳои ахбори омма ва  аҳли фарҳанги Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон,  Латвия  ва  Молдавия  иштирок  намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар  Фестивали тобистонаи Душанбе—«Dushanbe Summer Fest»-2018  бо даъвати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  гурӯҳи  оббозони ҳавоӣ аз Кумитаи сайёҳии  Ҷумҳурии Ӯзбекистон  ширкат варзиданд. Онҳо доир ба тарзи истифода ва парвози пуфакҳои ҳавоӣ  машғулиятҳои омӯзишӣ   гузарониданд ва   сипас   чанд пуфаки ҳавоӣ  ба  фазо   сар  дода шуд.

Дар ин Фестивал барои бачаҳо таҳти унвони «Шаҳри афсонаҳо» ҳар гуна барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла бо иштироки ҳунармандони театрҳои  пойтахт  намоишҳои мазҳакавӣ ва ҳазлу шӯхӣ пешниҳод  гардид.

Ба иштирокдорони Фестивал барномаи фарҳангӣ-фароғатие, ки   бо ҳунарнамоии  санъаткорони машҳур, аз  ҷумла  Парвиз Назаров, Баҳром Ғафурӣ,  гурӯҳи «Авесто» ва овозхони ҷавону умедбахш Меҳрона Ғайбуллоева доир гардид,  хуш омад.

Дар Фестивал  ҳамчунин барои сайругашти оилавии шаҳрвандон тамоми шароит фароҳам оварда шуда, таҳти унвони «Ғизои болаззат»  хӯрок ва дигар маҳсулоти  миллӣ  ба намоиш ва  фурӯш гузошта шуданд. Дар фестивал ҳамчунин  намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ба иштирокдорон таомҳои миллии худро пешниҳод намуданд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Дар аксҳо : Фестивали тобистонаи Душанбе, 18-19 августи соли 2018

 

 

 

 

Август 16, 2019 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

То соли 2030 фаъолияти электросамокатҳо ва электроскутерҳо дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе манъ мегардад
«KUDAK.TJ». Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе 20 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба ин барномаи иттилоотӣ пайваст гардид
Омодагӣ ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе инвест-2025» баррасӣ шуд
Сокинону меҳмонони пойтахт тавассути хатсайри «City Tour» зебоиҳои Душанберо тамошо намуданд
Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахт хатсайри ройгон ташкил карда мешавад
Имрӯз иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе Рӯзи забони давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
DITE-2025: Душанбе ба маркази нави сайёҳии байналмилалӣ табдил меёбад
DITE-2025. Зиёда аз 10 ҳазору 500 нафар аз Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе дидан намуданд
Масъалаи густариши ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Ҷазираи Киш дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
Дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе ҷаласаи панелӣ ва дарси маҳорат доир гардиданд