Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

Август 16, 2019 17:28

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид. Дар ин бора қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, хабар дод ба АМИТ «Ховар» муовини аввали сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев.

Мавсуф зикр кард, ки дар Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки 15 август аз ҷониби Раиси  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон имзо гардида, дар нашрияи расмии  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон –«Ҷумҳурият» нашр шудааст, омадааст,  ки  рақам  ва калимаи «6 моҳ» ба калимаҳои «як сол» иваз карда шаванд. Дар посух ба саволи чӣ теъдод SIM- кортҳо тавассути шиносномаи ID аз нав ба қайд гирифта шудаанд, Илҳомҷон Атоев гуфт, ки то 16 августи соли равон дар ҷумҳурӣ  2 миллиону 350 ҳазору  337 SIM-кортҳо тавассути шиносномаи нав –ID  ба қайд гирифта шудаанд.

Намояндаи масъули Хадамоти алоқаи  мамлакат зикр кард, ки дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 6,8 миллион нафар шаҳрвандони мамлакат истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ буда, аз ин омор 4,8 миллион нафарашон муштариёни фаъол мебошанд.  Алҳол дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон  5 ширкати мобилӣ- «Тселл», «Вавилон  Мобайл», «Мегафон Тоҷикистон», «Билайн Тоҷикистон» ва  «ТК Мобайл»  фаъолият дошта, ба муштариёни худ хизматрасониии мухобиротӣ пешниҳод месозанд.

Дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон SIM- кортҳои телефонҳои мобилӣ танҳо дар сурате ба номи соҳибаш аз нав ба қайд гирифта мешаванд, ки дорои шиносномаи нав-ID бошанд.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Нуралӣ Сафарзода гуфт, аз соли 2014 то инҷониб  2 миллиону 386 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ соҳиби шиносномаҳои нав-ID гардидаанд.  Нуралӣ Сафарзода афзуд, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат нуқтаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ фаъолият доранд, ки соати кории онҳо аз  8:00 то 22:00 ба роҳ монда шудааст.

Тамдид гардидани азнавбақайгирии симкортҳои телефонҳои мобилӣ бо шиносномаҳои нав –ID дар мамлакат дар ҳолест, ки қаблан Вазири корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода  дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ гуфта буд, ки бо вуҷуди он ки вақти кории нуқтаҳои шиносномадиҳӣ то соати 22:00  тамдид гардидааст,  онҳо  фурсати  ба тамоми шаҳрвандони мамлакат додани шиносномаи ID –-ро  то муҳлати муайян гардида -15 август  надоранд.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи қарори қаблан қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ  ба шабакаҳои алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста  ба он» (аз 30 апрели соли 2016), ки 15 феврал эътибор пайдо кард, ҳамаи муштариёни телефонҳои мобилӣ бояд SIM-корти худро бо шиносномаҳои ID-  намунаи cоли 2014 аз нав ба қайд гиранд.

                                          Марзия САИДЗОДА,
 АМИТ «Ховар»

Август 16, 2019 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус