Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд
ДУШАНБЕ, 20.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 20 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нахуст ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ташриф оварданд.
Дар маркази ноҳия – шаҳраки Меҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони меҳнатқарини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо самимият ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.
Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ соли 1996 таъсис ёфта, яке аз ноҳияҳои зодаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад.
Ин ноҳия давоми беш аз 20 сол бо азму талошҳои бунёдкорона ва таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як деҳа ба ноҳияи муосиру пешрафта табдил дода шудааст, ки имрӯз дар аксар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ пешравиҳои зиёд дорад.
Давоми солҳои охир картошкапарварони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар баробари таъмини эҳтиёҷоти ноҳия ҳамчунин дар таъмини мамлакат бо картошкаи аълосифати маҳалӣ нақши арзанда мегузоранд ва пайваста барои афзун намудани нишондиҳандаҳои ҷамъоварии картошка талош менамоянд.









Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






