ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда мешавад
ДУШАНБЕ, 08.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат ба 38-43 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 19-24 метр дар як сония мевазад. Тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то10-15 метр дар як сония мевазад. Вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 18+20 ва рӯзона 39+41 дараҷа гарм мешавад.








Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






