ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои номусоид боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 16.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид идома ёфта, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш мешавад. Чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 15+17 ва рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад.








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






