Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-ро дар шаҳри Ваҳдат мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Август 2, 2019 10:19

ДУШАНБЕ, 02.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат бо шароити муассиса шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон аз наздик суҳбат намуданд.

Мактаб аз ду ошёна иборат буда, барои 1300 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шуда, синфхонаҳо бо дастгоҳ ва таҷҳизоту аёнияти дарсӣ таъмин гардидаанд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, аз ҷониби бародарон Саъдуллоевҳо, ки таҳсилдидаи ин даргоҳанд ва саҳми дигар соҳибкорони маҳҳаллӣ бунёд ёфтааст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 дорои 27 синфхона буда, аз кабинетҳои химия, математика, физика, биология ва дигар утоқҳои дарсӣ иборат мебошад. Ҷиҳати гузаронидани дарсҳои таълими меҳнат ва омӯзонидани касбҳои гуногун дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи муҷаҳҳази фаннӣ ташкил карда шудаанд, ки дар ин ҷо машғулиятҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ ва омодасозии ҳар гуна таомҳо гузаронида мешаванд. Ҳамзамон як синфхонаи алоҳида барои гузаронидани дарсҳои компютерӣ пешбинӣ шуда,  барои роҳбарияту омӯзгорони таълимгоҳ утоқҳои алоҳидаи корӣ бунёд гардидааст. Дар баробари синфхонаҳои муҷаҳҳазу замонавӣ, ҳамчунин муассисаи нав дорои маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст ва ошхона бо 150 ҷой мебошад.

Тавре аснои шиносоӣ маълум гардид, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 ҳамчунин барои гузаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва доир намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ толори барҳаво бунёд ёфтааст, ки бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад. Тамоми синфхонаҳо, роҳравҳо, толорҳо ва ошхонаи таълимгоҳ бо дастгоҳҳои гармидиҳӣ таъмин буда, он ба шабакаи алоҳидаи мутамарказонидашудаи гармидиҳӣ, ки тавассути ангишт фаъолият мекунад, пайваст гардидааст. Барои иншооти мазкур хати алоҳидаи оби нӯшокӣ ва хати барқ кашонида шуда, ҳамчунин трансформатори алоҳидаи пуриқтидор барои таъмини бемамонияти неруи барқ дар ҳудуди иншоот насб гардидааст.

Ҳамчунин дар назди муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорон  майдончаи варзишӣ барои гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ бунёд ёфтааст. Атрофи таълимгоҳ бо дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳои мавсимӣ оро ёфта, пурра майсазор карда шудааст. Ҳамзамон роҳи маҳаллие, ки то назди муассисаи таълимӣ мерасад, ба масофаи 2,5 километр аз ҷониби бародарон Саъдуллоевҳо пурра таъмиру таҷдид гардида, шароити мусоид барои рафтуои хонандагону шаҳрвандон ва нақлиёт дар ин масир фароҳам оварда шуд.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои чунин иқдоми хайрхоҳона ба соҳибкорони ватанӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Пас аз шиносоӣ бо шароити таълимии муассисаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди омӯзгорон, хонандагон ва аҳли маорифи шаҳри Ваҳдат суханронӣ карда, ифтитоҳи муассисаи нави таълимиро ба онҳо таҳният гуфтанд.

Зимни суханронӣ, Пешвои миллат ҳамчунин аз хонандагон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароити мусоид ҷиҳати омӯхтани илм, азхудкунии забонҳо ва технологияи нав кӯшиш намуда, ҳамчун насли созандаи Ватан ба камол расанд.

Ба истифода додани бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 дар шаҳри Ваҳдат 02.08.2019

Август 2, 2019 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар даври ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба формулаи 1 дар рӯи об (F1H2O) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд вазорату идораҳо тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии «Бозиҳои оянда» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон