Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Хадамоти оташнишониро дар ноҳияи Балҷувон ба истифода доданд

Август 6, 2019 07:31

ДУШАНБЕ, 06.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. 6 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои тозабунёди дуошёнаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Балҷувонро ба истифода доданд.

Бинои оташнишонии ноҳия дар кӯтоҳтарин фурсат тариқи ҳашар бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст. Баробари бунёди иншоот барои фаъолияти дурусти кормандони ин сохтори низомӣ шароити зарурӣ муҳайё гардид.

Ба Пешвои миллат маълумот дода шуд, ки Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Балҷувон дорои парки автомобилӣ, 2 адад нақлиёти оташнишонӣ, 9 утоқи корӣ, утоқи дарсӣ, таҷҳизоти зиддиоташнишонӣ ва либосҳои корӣ мебошад, ки барои фаъолияти фаврӣ мусоидат менамояд.

Дар ин рӯз Сарвари давлат ба кормандони ин сохтор 1 адад воситаи нақлиёт тақдим намуданд, ки бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз аст.

Тибқи маълумот, масоҳати умумии бинои сохташуда 38 садяк заминро ташкил намуда, масоҳати зери бино 240 метри квадратиро дар бар мегирад.

Баҳри зебову назаррабо гардидани атрофи бино дар масоҳати зиёда аз 20 садяк замин беш аз 4500 дона гулҳои ҳархела ва 70 дарахти арча шинонида шудааст. Ҳамзамон ба хотири рафтуомади бе мамониат ба масофаи 100 метр мумфарш шудааст.

Мавриди таъкид аст, ки бо мақсади боз ҳам такмил додани фаъолияти Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Балҷувон 12 марти соли 2013 Нозироти Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи мазкур ба Дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

Ба истифода додани бинои нави Хадамоти оташнишонӣ дар ноҳияи Балҷувон 06.08.2019

Август 6, 2019 07:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд