Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Балҷувон гулгашти муосирро мавриди истифода қарор доданд

Август 6, 2019 08:01

ДУШАНБЕ, 06.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. 6 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон, ҳамчунин дар маркази ноҳия гулгашти муосирро, ки бо тарҳ ва дизайни баланди меъморӣ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Макони истироҳатӣ дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, он дар масоҳати умумии 80 садяк доман густурдааст.

Дарозӣ ва паҳноии гулгашт 450 ба 20 метр мебошад. Бино ба иттилои масъулин, ин ягона макони истироҳатиест, ки аз ҷониби соҳибкорон ва дастгирии мардуми бонангу номуси ноҳияи Балҷувон бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонии гулгашт ҳанӯз моҳи августи соли 2018 оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба итмом расидааст.

Тамоми роҳрав ва гузаргоҳҳои макони истироҳатӣ сафолакпӯш гардида, дар дохил ва атрофи он  88 чароғаки муосир ва 24 нишастгоҳи замонавӣ насб гардидаанд, ки хусусан шабонгоҳ  барои гаштугузори сокинон мусоид аст. Ҳамзамон дар инҷо ба хотири зебою дилкаш гардидани  гулгашт  беш аз 4 ҳазор дарахтони ороишию сояафкан ва беш аз 7 ҳазор гулҳои мавсимию доимӣ шинонида шуда, қитъаҳои алоҳидаи он сабзазор карда шудаанд.

Зимни боздид аз корҳои ободонию сабзазоркунӣ дар гулгашти марказии ноҳия Пешвои миллат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд. Қобили зикр аст, ки то истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар марказ ва деҳоти ноҳияи Балҷувон боз бунёди чунин гулгашту майдонҳои истироҳатӣ дар назар дошта шудааст.

Ба истифода додани гулгашт дар маркази ноҳияи Балҷувон 06.08.2019

Август 6, 2019 08:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд