Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 17 километр роҳи мошингардро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 21.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншоот ва мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ташриф оварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони ноҳия гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ роҳи мошингарди аз шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ то маркази ноҳияи Деваштичро пас аз мумфаршкунӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Роҳи мазкур 17 километрро ташкил дода, пас аз навсозӣ аз категорияи 3-юм ба категорияи чоруми роҳсозӣ мутобиқ гардонида шудааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки паҳноии роҳ 8 метрро ташкил дода, дар маҳаллаҳои аҳолинишин роҳ то 11 метр васеъ гардидааст.
Роҳи мошингарди Хуштоҳир — Яхтани шаҳраки Ғончӣ дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷдиду навсозӣ гардида, дар рӯзҳои истиқбол аз 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинони ноҳия мебошад.
Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчии он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Роҳи байналмилалии Тоҷикистон” аст.
Қитъаи роҳ, ки маркази ноҳияи Деваштичро ба шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ мепайвандад, дар доираи корҳои навсозӣ ҳамзамон дар маҳаллаҳои аҳолинишини он бо насби сутунпояҳо чароғон карда шуда, роҳҳои пиёдагард ба масофаи 2,5 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.
Роҳи мазкур солҳои зиёд таъмир нашуда буд ва ҳангоми рафтуомад дар ҳама фаслҳои сол сокинон ба мушкилии ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешуданд. Бо анҷоми ин тадбир, яъне пурра мумфарш шудани роҳ дар ҳама фаслҳои сол рафтуомади мунтазами сокинон, воситаҳои нақлиëт ва интиқоли мусофиру мол комилан осон шуд.
Ронандагону мусофирон аз ин иқдоми созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Дар доираи иқдомҳои созанда ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соли равон бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ва кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингард дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 170 километр роҳҳо таъмиру тармим гардида, корҳои навсозӣ дар ин самт идома доранд.









Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






