Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи барқии «Темурмалик»-ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 24.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Раҷабови шаҳри Хуҷанд зеристгоҳи барқии «Темурмалик»-ро, ки дар масоҳати умумии 2600 метри мураббаъ бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ, мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки зеристгоҳи барқии 110 ва 10 киловолти «Темурмалик» дорои ду адад трансфарматори иқтидорашон 25000 киловолт — ампер мебошад.
Таҷҳизоти барқии муосири 10 — 110 киловолт дар иншооти мазкур ба талабот ва меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, аз ширкатҳои бонуфузи давлатҳои Россия, Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин харидорӣ шудааст.
Бунёду ба истифода додани чунин иншоотҳои зарурӣ аз тадбирҳои афзалиятноки ҳукумати мамлакат дар самти рушди соҳаи энергетикаи мамлакат буда, ҷиҳати кам намудани талафоти нерӯи барқ, таъмини барқ ба шабакаҳои барқӣ ва таъмини қувваи барқи мунтазам ба аҳолӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур, моҳи майи соли 2018 оғоз гардида, моҳи августи соли 2019 бо дастгирӣ ва ташаббуси бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба анҷом расонида шудааст.
Дар иншооти мазкур 10 нафар кормандони муҳандисию техникӣ ва 60 корманди соҳаҳои мухталиф ба кор ҷалб гардиданд.









Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон






