Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Зафарободро мавриди истифода қарор доданд

Август 22, 2019 09:04

ДУШАНБЕ, 22.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд бинои Қасри фарҳангро баъд аз таҷдид мавриди истифода қарор доданд.

Масоҳати умумии замини бинои Қасри фарҳанг 3 ҳазору 200 метри мураббаъро ташкил дода, он дар муҳлати қариб 3 моҳ бо ҷалби мутахассисону коргарони маҳаллӣ пурра навсозӣ ва ба талаботи замон мутобиқ гардонда шуд.

Бино дуошёна буда, аз 9 толори омӯзишӣ ва маҳфилҳо, аз ҷумла маҳфили драма, сурудхонӣ, рубобнавозӣ, иттиҳоди дӯстдорони “Килки сабз”, карнайнавозӣ, доиранавозӣ, шашмақом, рақс, шоҳмот, толори васеъ барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ бо 478 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ, китобхонаи бачагона, осорхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз шароити мавҷуда ва суҳбат бо кормандону мутахассисони соҳа таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи фарҳанг, бахусус ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба ҳунару ҳунармандӣ тадбирҳои мушаххасро марҳила ба марҳила анҷом медиҳад, то фаъолият дар шароити хуб пурмасъул ва натиҷаовар сурат гирад.

Мавриди зикр аст, ки дар идомаи корҳои таъмиру навсозӣ дар назди Қасри фарҳанг ғайр аз 8 маҳфили амалкунанда боз се маҳфили нав – рассомӣ, шоҳмот ва китобхонаи электронӣ таъсис дода шудааст, ки барои омӯзиши ҳунари рассомӣ ва сайқал додани дониши наврасону ҷавонон макони мувофиқ аст.

Баъд аз навсозӣ ва таъсиси маҳфилҳо шумораи коргарон аз 12 ба 20 нафар ва иштирокдорони маҳфилҳо аз 80 ба 100 нафар расид.

Дар осорхонаи бино барои огоҳӣ пайдо кардани насли наврасу ҷавон аз таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик 2 ҳазор нигораи таърихӣ, ҳуҷҷатҳо ва расмҳо аз давраҳои гуногун нигоҳ дошта шудаанд.

Деворҳо ва сутунпояҳои дохили бино бо нақшу нигори миллӣ хеле зебо гаҷкорӣ карда шуда, барои фароғат ва сайругашти сокинон дар саҳни бино фаввораҳо ва чароғакҳои равшанидиҳанда насб гардидаанд.

Китобхонаҳои электронӣ ва бачагона дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир буда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд ва барои ҷавонону сокинон макони мусоиди илмомӯзӣ ба ҳисоб мераванд.

Хотиррасон менамоем, ки бинои Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Зафаробод ҳанӯз соли 1971 бунёд гардида, бо сабаби солҳои зиёд хизмат намудан фарсуда шуда, ба таъмири асосӣ ниёз пайдо карда буд. Бинои мазкур дар партави дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистсон аз нав таҷдид гардид.

Дар толори бошукӯҳи Қасри фарҳанг Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи консертии аҳли фарҳанги ноҳияро, ки таҷассумгари ваҳдату ягонагӣ ва истиқлолият буд, тамошо намуданд.

Сарвари давлат зимни суханронӣ ба ҳунари волои санъаткорон, ки бештарашро ҷавонон ташкил медиҳанд, баҳои баланд дода, барои рушди соҳа, ҷалб ва омодасозии кадрҳои болаёқат дастуру ҳидоятҳо доданд.

Дар ҳамин ҷо аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли фарҳанги ноҳия асбобҳои мусиқӣ тақдим карда шуд.

Ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Зафаробод 22.08.2019

Август 22, 2019 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯстиро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент мулоқот намуданд
Cуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент бо фаъолияти гармхонаи Моғиён-Агро шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шиферро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент Беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент МТМУ №115-ро ифтитоҳ намуданд