Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутиро дар ноҳияи Ховалинг мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Август 7, 2019 08:02

ДУШАНБЕ, 07.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре иттилоъ дода шуд, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ бо тарҳу сохти замонавӣ қомат афрохтааст. Лоиҳаи сохтмон аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и ноҳияи Ховалинг пешниҳод гардида, корҳо ба тариқи ҳашар иҷро гардидаанд.

Бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, бо мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуда, иншооти мазкур дорои имконоти муосири фаъолият  мебошад.

Мавриди зикри хос аст, ки иншооти мазкур аз ду ошёна иборат аст ва шароити хуби кориро  ба кормандони Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ фароҳам меорад. Дар ошёнаи 1-ум утоқҳои корӣ ва дар қабати дуюм маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир карда шудаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз ҳуҷраҳои корӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолияту хизматрасонӣ ба сокинон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити муҳайёгардида дар бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг сокинон ва кормандони ҷамоатро ба муносибати мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот табрику таҳният гуфта, онҳоро барои татбиқи босамари сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои садоқатмандонаи масъулияти базиммадоштаашон ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ дар ноҳияи Ховалинг 07.08.2019

Август 7, 2019 08:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон