Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-ро дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ифтитоҳ намуданд

Август 6, 2019 16:04

ДУШАНБЕ, 06.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. 6 августи соли ҷорӣ, дар доираи сафари корӣ  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат бо шароит ва имконоти муассисаи нав шинос шуда, бо хонандагон аз наздик суҳбату мулоқот карданд.

Иттилоъ дода шуд,  ки дар гузашта хонандагон аз набудани таълимгоҳ дар дохили Бунгоҳи тиббӣ таълиму тарбия мегирифтанд ва дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти онҳо пурра ҳалли худро пайдо намуду толибилмон соҳиби муассисаи замонавии таълимӣ гаштанд.

Барои чунин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ хонандагон ба Сарвари давлат изҳори миннатдорӣ намуда, қавл доданд, ки шароити фароҳамовардаро самаранок истифода хоҳанд бурд.

Сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33 соли 2018 оғоз ёфта буд ва дар ин давра бо назардошти талаботи ҷорӣ 40 нафар сохтмончӣ иншооти мазкурро бунёд намуданд. Лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ “Абрис” таҳия гардида, корҳои сохтмониро  ҶДММ “Файзи Истиқлол” ба анҷом расонид.

Мактаб аз ду ошёна иборат буда, имконият дорад, ки дар ду баст то 300 нафар хонандаро ба таълиму тарбия фаро гирад. Ҳамчунин ба хотири дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани омӯзиш синфхонаҳои алоҳидаи таълимгоҳ бо тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз буда, як синфхонаи дигар бо 10 адад компютер таъмин гардидааст. Дар маҷмӯъ муассисаи нави таълимӣ дорои 12 синфхона буда, ҳамчунин барои роҳбарият ва омӯзгорон утоқҳои алоҳидаи корӣ бунёд ёфтааст. Роҳрав ва синфхонаҳои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33 ба хати алоҳидаи гармидиҳӣ пайваст буда, буғхонаи бунёдгардида дар таълимгоҳ ба воситаи ангишт фаъолият хоҳад кард.

Ҳамчунин корҳои ободонӣ ва сабзкорӣ дар атрофи таълимгоҳ сомон ёфта, барои обу тоби ҷисмонии хонандагон  дар назди муассиса майдончаи хурди варзишӣ низ бунёд ёфтааст.

Сарвари давлат аснои шиносоӣ хонандагонро вазифадор намуданд, ки чунин шароитро самаранок истифода бурда, илмҳои замонавиро ҳамаҷониба аз худ намоянд. Зикр гардид, ки то таҷлили 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар минтақаҳои кишвар дар ҳудуди деҳоти Сари Хосор низ сохтмони боз чандин иншооти дигари таъйиноташ гуногун дар назар дошта шудааст, ки  ба ин васила марҳила ба марҳила мушкилоти аҳолӣ дар тамоми бахшҳо пурра ҳалли худро  пайдо хоҳад кард.

Ба истифода додани бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон 06.08.2019

Август 6, 2019 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд